Боз як соли дигар пир шудем,
Бештар пири батадбир шудем.
Боз омад мучали Соли Паланг,
ҷомаашро бинигар: ранг ба ранг.
Пойандоз ба раҳаш барфи сафед,
Шуъла зад аз дили халқ шамъи умед.
***
Соли Нав соли фаровонӣ шавад,
Соли хушбахтию арзонӣ шавад.
Соли Нав соли шикор асту барор,
Ҳама кас кош шавад шоҳсавор.
Соли Нав гандуму дон афзояд,
Сари хон луқмаи нон афзояд.
Равад аз байни башар беморӣ,
Аз ҳама дард шавад тан орӣ.
Соли Нав соли муҳаббат бишавад,
Соли ёриву садоқат бишавад.
Соли Нав панҷаи гирои Паланг,
Меканад рӯзии мо аз дили санг…
Кайҳони Сӯфӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр