Нашрияи Омӯзгор

Шарафмандбонуе дар арсаи маориф

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 93        Шарҳ: 0

 

Соли 1971 мактаби миёнаро хатм кардему рафтем ба ҳар сӯ. Курси дуюм мехондаму як-ду сол нисбат ба дигар ҳамсабақон калонсолтар будам, зеро нахуст дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри бостонии Панҷакент таҳсил карда солаке  ҳамдаму ҳамнафаси устодон дар мактаб шудам. Меҳри омӯзгорию омӯзиш боло гирифту шитофтам сӯи шаҳри Ленинобод, ки ҳоло Хуҷанд ном гирифта. Ин соли 1974 буд. Имтиҳонҳоро супоридаму донишҷӯ шудам ва таҳсил оғоз ёфт дар мактаби олӣ. Баъди соҳибдиплом шудан баргаштам ба деҳа бо роҳхати донишгоҳ.

Моҳи августи соли 1981. Омодагӣ ба соли нави хониш. Устодон табрик мекарданд ва аз шарм рухсораҳо лолагун арзи сипос мекардем, ки  заҳмати шумо ниҳон аст дар  соҳибпеша шудани мо. Фурсате пас бонуе сарвқомат, чеҳрашукуфон, либоси зебандаю шинами атлас дар бар, лаб моили табассуму нигоҳҳо фозилона дар саҳни мактаб пайдо шуданд. То ин лаҳза гӯё ҳама ба об даҳон гирифта буданд, бозори  суҳбат гарм набуд. Вақте зани бароям ношинос ману ҳамроҳонамро,  ки нав иҷозати ҳамчун омӯзгор кор  карданро дарёфта будем, табрик карданд, ҷуръати идомаи сухан накарда, зери лаб арзи сипос намудем. Мо ҳам дунболи устодон пайи тайёрӣ ба соли нави хониш шудем. Он «зани ношинос» муаллима Мунаввара Мирусмонова будаанд…

Соли  хониш ёфт оғоз. Гирумони мо ҳам сар шуд. Муаллима ҳамихтисоси банда будаанд. Минбаъд ҳар  мушкилие, ки  пеш меомад, аз он кас мепурсидам. Охир, таҳлилҳои мухталифи мавзуъҳои фонетикаю калимаю ибора, ҷумлаҳои мураккаби омехта мушкилоти худро доштанд ва ба болои ин, мавзуъҳои вобаста ба санъати сухан ва назарияи адабиёт ва хоса, вазни шеър ҳангоми таълим соати алоҳида надоштанду ҳоло ҳам надоранд ва ин ҳолат сару калобаи кори моро  гум мекард.

Боре баҳри омӯхтани усулҳои  фаъоли тадрис вориди синфи  даҳум  шудем, дарси муаллима Мунаввара Мирусмонова буд. Навбатдор оид ба тайёр будани хонандагон ба дарс маълумот дод. (Ҳоло ин анъана нест, афсӯс). Чун ҳисобот шунида шуд,  толибилмон аввал аз рӯи ашъори Соиби Табрезӣ байтбарак карданду чанд хонанда ғазали пурра қироат намуданд. Муаллима қаноатманд буданд. Сипас, чанд луғат шарҳ ёфту байте таҳлили умумӣ шуд. Мавзуи гузашта: «Ҳаёт ва эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ». Муаллима аз варақаҳои ранга оид ба рӯзгор ва осори Бедил саволномаҳо тайёр кардаанд. Онҳоро рӯи мизи худ  паҳн карданд ва аз ҳар гурӯҳ хоҳишмандон варақаҳоро гирифта,  омодаи ҷавоб шуданд. Муаллима гӯё вақтро чену бур карда буданд. Ҳама бо шавқмандӣ посух медоданд, ҳама ба машғулият банд буданд. Намедонистам дар дафтари қайди мушоҳидаҳо чӣ нависам. Занги баромад садо доду навиштам: «Аъло… Мавзуи нав низ хотирмон буд. Моҳияти ашъори  Бедил фаҳмонида шуд. Муаллима бо суханони муассир шогирдонро ба  илмомӯзӣ, донишандӯзӣ,  мунтазам хондани китоб раҳнамун мекарданд. Шеърро равону самимӣ  ва ҷозибадор қироат намуданд:

Ёрам ҳар гаҳ дар сухан меояд,

Бӯи аҷабеш аз даҳан меояд.

Ин бӯи қаланфур аст ё накҳати гул,

Ё роиҳаи мушки Хутан меояд.»

Дар охири дарсгоҳ нишаста гумон мекардам, ки ман ҳам дар синфи даҳ мехонаму инак, ҳушу гӯш ба муаллима додаам…

…Солҳои ҳафтодум аз ҳисоби занону бонувон роҳбар таъйин намудан,  махсусан, дар деҳот чандон маъмул набуд. Чун овоза шуд, ки аз оғози соли хониши 1975 - 1976 Мунаввара Мирусмонова директори мактаб мешавад, аксар бовар  намекарданд. Омӯзгорон ин  хабарро хуш пазируфтанд, чунки солҳои мадиде  бо муаллима ҳамкору ҳамҷода ва бархӯрдор аз дастуру маслиҳатҳои он кас буданд.

…Мунаввара Мирусмонова аз мактаби илму маорифпарварӣ ва одаму одамгарии тағояшон, шодравон  академик Аҳрор Мухторов баҳраманд шудаанд ва  таҳкурсии донишашонро устувор сохтаанд. Масъулини соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ дар таъйини директор хато накарданд. Мактаби миёнаи рақами 2, деҳаи Урметан, ки он вақт номи нависандаи ҷаҳонӣ А.М. Горкийро дошт (ҳоло ба номи устоди зиндаёд Қутбӣ Киром), дар бахшҳои мухталифи таълиму тарбия  комёб ва вирди забонҳо гардид. Соҳиби Байрақи сайёри комитети ҳизбии ноҳия шуд.

Муаллима ҳамчун роҳбар ба касбомӯзии толибилмон бештар  эътибор медоданд ва гурӯҳи духтарони чеварро ташкил карданду ба онҳо ба таври ройгон ҳунар омӯзониданд ва ба ин васила сафи духтарони ҳунарманди деҳаро дучанд афзуданд. Муаллимаи азизу соҳибхиради мо дар давоми роҳбарии худ дар мактаб корҳои зиёди манфиатборро сомон бахшида, номи нек, иззату эҳтиром ёфтанд.

Воқеан, муаллима  ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе бо Умрибой  Тошови урметанӣ риштаи меҳру вафо мебанданд. Умрибой аз зумраи ҷавонони донишманд ва донандаи чанд забон буду табъи шоирӣ дошт. Замоне ҳамчун тарҷумон дар кишвари ҳамсояи Афғонистон хизмат кардааст. Ин ҷуфти саодатманд дар  рушди маориф,  тарбияву таълими сазовори шогирдон, тарғиби илму дониш ва баргузории маъракаҳои мардумӣ дар калонтарин деҳистони водии Зарафшон – Урметан нақши босазою мондагор доранд ва ба эҳтироми ҳамагон сазовор гардидаанд.

 

Маъруф  Ҳисомов,

ноҳияи Айнӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш