Нашрияи Омӯзгор

Дӯсте дорам дар Истаравшан

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 101        Шарҳ: 0

 

Ҳар маҳалу ҳар минтақа ва ҳар қаламрав шахсиятҳои маъруфу соҳибэҳтироми худро дорад. Онҳо кишоварзони чиракору баракатовар, омӯзгорони асилу соҳибхирад, ҳунарпешагони баландмақому тозакор, олимону адибони боистеъдоду варзида, тоҷирони ҳалолкору босаховат… мебошанд.

Ман тибқи адои вазифаи хидматӣ зуд –зуд ба манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ сафар мекунам ва ҳамбаста бо иҷрои вазифаҳои дигар бо ин гуна ашхоси соҳибному боикром суҳбатҳо меороям ва аз файзи гуфтору шарофати дидорашон мунаввартар хонаи дил мекунам. Хушо, ки дар ҳар гӯшаву канори диёри биҳиштосоямон дӯстони соҳибдилу соҳибхирад ва соҳимбэҳтиром дораму аз ин лиҳоз худро доро, хеле доро меҳисобам…

Устод Сайфулло Маҳкамов дар Истаравшани бостонӣ ин гуна дороии мананд. Ҳар гоҳ ки ба ин шаҳри пуровоза ворид мешавам, зуд суроғи устод мекунам ва аз омаданам хабар мерасонам (устод худ аз оғози шиносоиямон инчунин карданро ба ман супориш додаанд). Устод дар ҷавоби занги телефони ман бо самимият «Э, гули меҳратон шукуфтааст-ку, кани марҳабо марҳабо, ба Истаравшани мо»  мегӯянду гапро кӯтоҳ мекунанд: «ман ҳозир…» Соате нагузашта, дар назди меҳмонхонаи «Садбарг» устодро пешвоз мегирам: чеҳраи кушоди табассумрез, қаду қомати рустамона доранд устод, дар тан либоси хеле шинаму зебанда, тозаву озода, дар сар тоқии зебои тоҷикӣ. Мо чун падару писар (устод аз ман шонздаҳ сол калонтаранд) ҳамдигарро  самимона ба оғӯш мекашему аҳволпурсӣ мекунем: на набераю абера мемонаду на хешу ақрабо, на ҳақу ҳамсоя. Устод пас аз ҳар қитъа пурсупос ботакрор мегӯянд: «ӯб-бо, додарам-е, хуб ғайрат кардед, ки омадед, дар ин дунё дидор ғанимат».

Баъд аз «маросими пурсупос» «юриш»-и мо бо раҳнамоии устод оғоз меёбад. Устод маро ба коргоҳашон- идораи нашрияи мактабиёни вилояти Суғд «Корвони умед» мебаранд ва  дар андак фурсат дафтари кори устод пур аз эҷодкорон – кормандони нашрияҳои шаҳри Истаравшан мешавад. Суҳбатамон перомуни эҷоду эҷодгорӣ, навгониҳои матбуот, вазъи адабии кишвар, истеъдодҳои тозападид, китобҳои нав, навиштаҳои ҷолиби ҳамқаламон, бунёдкориҳо дар Истаравшан… гул мекунад. Барои ман эҳсосу мушоҳидаҳои он, ки эҷодкорони ин шаҳри овозаманду деринтаърихи тоҷикон ба зодбуми худ ин қадар меҳру муҳаббат ва симимияту садоқат доранд, басо гуворову ҳикматбор аст. Бисёр хушам меояд суҳбати соҳибдилони Истаравшан! Дар навбати худ ба як силсила суолоти онҳо оид ба вазъи адабии пойтахти ҷумҳурӣ ва тозакориҳои аҳли қалами он посух мегӯям. Зимни суҳбат бо  суханварони шаҳри бостонӣ мушоҳида мекунам, ки онҳо ба устод Сайфулло Маҳкамов эҳтирому эътиқоди самимӣ  доранд, вақте ки «устод» мегӯянд, чароғи чашмашон медурахшад ва гумонам, дар дилашон шуълаи меҳр фурӯзон мешавад. Барои тасдиқи ҳар гуфтаашон рӯи ниёз ба ӯ меоваранд: «ҳамин тавр не, устод?» Бо мушоҳидаи ин ҳолат ҳисси ифтихори ман аз дӯсти истаравшаниям боз ҳам бештар мегардад.

Пас аз ин суҳбати хушоянду гуворо ману устод ба тамошои шаҳр мебароем. Чӣ шаҳри дилошӯбу хуштарҳест Истаравшан! Дар кӯчаву хиёбонҳои он қадам зада, худро дар муҳити комилан тоҷикӣ дармеёбӣ: гуфтугӯи атрофиён муаддабонаю лутфрез, ҳама ҷо тозаву обзада, шиору овезаҳо хушоҳанг, ороишоти дару деворҳо дорои сабки миллӣ. Мавзеъҳои таърихии шаҳр, ки қисмате дар ҳавзаи  Осиё назир надоранд, балки шоҳкориҳои сатҳи ҷаҳониянд, ифтихорафзои моанд, сабақи хештаншиносӣ медиҳанд. Устод Сайфулло Маҳкамов таърихи шаҳри  азизи худро хеле хуб медонанд, дар бораи ҳар гузару кӯчаву маҳаллаи он маълумоти комил доранд ва ҳатто, дар хусуси иддае аз хонаводаҳои обрӯманди шаҳр метавонанд соатҳо ҳарф зананд. Ғарқи ҳикоятҳои муассиру дилпазири устод шуда, ман худро борҳо дар умқи таърих – дар кӯчаҳои пураспу аробаи Истаравшани бостонӣ дарёфтаам. Воқеан, як шохаи эҷодиёти омӯзгор ва рӯзноманигори варзида, устод Сайфулло Маҳкамов таърихнигорист. Устод дар бораи таърихи Истаравшан, хулқу атвор, расму оин ва анъанаҳои мардуми ғаюру баномус ва заҳматкаши он, дар бораи гузаштаи қисмате аз гузару маҳаллаҳои шаҳр мақолаҳои зиёде навиштаанд, ки зумрае аз онҳо арзиши як рисолаи комили таърихиро доранд. Чун аз хусуси ҳунармандони шаҳри Истаравшан ва нақши ҳунар дар рӯзгорони аҳли ин куҳанмарз сухан мегӯянд, гӯё ғарқи баҳри ифтихор мешаванд устод. «Ҳунармандӣ рамзи таърихии Истаравшан аст», -мегӯянд батакрор. Ва печида ба ин қазияашон он қадар мисолу далелу арқоме ба забон меоранд, ки банди ҳайрат мемонад кас. «Кош, ҳар соҳибватан дар бораи зодбуми хеш чунин маълумоти саҳеҳу фарогир медошт», - аз дил мегузаронам  ман…

Дар паҳлуи устод дар кӯчаҳои шаҳр қадам зада, лаҳза ба лаҳза ифтихорам меафзояд; бо оне паҳлу ба паҳлу  қадам мезанам, ки ҳама эҳтиромаш мекунанд, бо муҳаббат «салом, устод» мегӯянд, онҳое, ки дуртаранд, ба сӯяш бо меҳр дастафшонӣ мекунанд, чанде аз куҷое давида меоянд: чӣ ҳол доред, устод, ягон хизмат ҳаст?, бархе дасти устодро гирифта, гилаомез иброз медоранд: камнамоед, муаллим!?

Ба ҳама бо лутф, бо сухани нарму гарм, бо сипосгузорӣ, бо як пора шеър, бо чанд андарзу ҳикмат посух мегӯянд устод. Ва рӯй ба ман меоваранд:-Чӣ қадар халқи самимию меҳрпарвар ва хоксору одамдӯстанд тоҷикон ва албатта, истаравшаниҳо низ. Ба ин мардум ки писанд омадӣ, чун узви хонадонашон мепазиранду  эътиқод мебанданд.

Устод Сайфулло Маҳкамов ба шарофати заҳмати бардавому пурбаракаташон, ба шарофати хидматҳои бенуқсонашон ҳамчун омӯзгор, адибу рӯзноманигор, ба шарофати силсилаи мақолаҳои муҳтавоманду ифтихорбарангезашон дар нашрияҳои ҷумҳурӣ, ба шарофати китобҳои рангину ҷолибашон дар мавзуъҳои умда, ба вижа, ватандӯстиву таърихдонӣ ва фарҳангшиносӣ, ба шарофати  кордониву хоксориашон, ба шарофати ҳамвора дар хидмати мардум ва  маслиҳатгару раҳнамои аҳли  шаҳр буданашон маҳбуби ҳамагону соҳибэҳтиром гардидаанд ва ду маротиба ба сифати вакили маҷлиси вакилони шаҳри Истаравшан баргузида шудаанд. Устод дорандаи нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии ҷамъияти китобдӯстони ИҶШС», барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ, як силсила ифтихорномаву сипоснома ва ғолиби чанд озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии қаламкашон мебошанд…

Ҳар гоҳ ки ба шаҳри Истаравшан меоям, ба суроғи устод Сайфулло Маҳкамов мешитобам. Ва бо вохӯрӣ бо устод сайри маънавиям ба олами хираду маърифату ҳунару адаб оғоз меёбад.

Абдурауф МУРОДӢ

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш