Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саъдулло Исломов ҳамчун устоди соҳибмактаб дар соҳаи демография шинохта шудааст. То имрӯз зиёда аз 120 дастуру мақола ва асарҳои илмии олими забардаст бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ рӯйи чоп омадаанд. Чанде аз онҳо китобҳои дарсӣ барои риштаҳои иқтисодии мактабҳои олии мамлакат мебошанд, ки барои муаллимон ва муҳаққиқони ҷавон ҳамчун манбаи боэътимод хидмат мекунанд. Номбурда, ҳамчунин, баробари фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ба корҳои роҳбарӣ ва ҷамъиятӣ низ шуғл варзидааст.
Таваҷҷуҳи олими нуқтасанҷро масъалаҳои гуногун ва доманадори соҳаи демография ба худ ҷалб карда буд. Ба миён гузоштани масъалаҳои муҳими демографӣ, ба монанди зиёдшавии аҳолии ҷумҳурӣ, афзудани теъдоди фавти кӯдакон, банақшагирӣ ва танзими оила, камшавии захираҳо ва дигар масъалаҳои муҳим дар таҳқиқоти илмии устод яку якбора пайдо нашудаанд, балки натиҷаи меҳнати дуру дароз ва пурмашаққати ӯ буда, асоси онро омӯзиши пайвастаи илми ватанӣ ва хориҷӣ ташкил медиҳад. Асари нахустини С. Исломов, ки «Демографияи Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст, соли 1985 нашр гардидааст ва таҳлили муфассали вазъи демографӣ ва сиёсати демографии ҷумҳурӣ дар ин давра мебошад. «Демография ва тамоилҳои тараққиёти демографии минтақавӣ» асари дигари устод буда, соли 1992 нашр гардидааст. Охирон таълифоти устод зери унвони «Биосоциальное развитие человека. Демографический и социальный переходы» соли 2019 нашр гардид, ки масъалаҳои қонунияти бозтавлиди аҳолӣ ва гузариши демографию иҷтимоиро фарогир буда, баҳсҳои зиёди илмиро ба миён овард. Ба ҳамин монанд чанде аз асарҳои дигари устодро низ номбар кардан мумкин аст, ки ҳамчун китобҳои рӯйимизии олимон ва муҳаққиқони соҳа ба ҳисоб мераванд. Заҳматҳои дар роҳи илм кашидаи устод самараи зиёд додаанд. Тайи фаъолияти илмии хеш барои рушди илми демография заҳматҳои беандоза кашида, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст.
Рисолаи доктории устод нахустин таҳқиқоти илмии пурарзиши соҳаи демография мебошад, ки масъалаҳои асосии демографӣ ва тамоилҳои тараққиёти демографию минтақавии Тоҷикистонро фаро гирифта аст.
Соли 2007 дар Мактаби олии иқтисодии шаҳри Москва ба сифати коромӯз фаъолият доштем. Рӯзҳои пеш аз сафар ба шаҳри Душанбе профессори машҳури рус А.Г.Вишневский фаҳмиданд, ки мо шогирдони Саъдулло Исломов ҳастем. Моро ба утоқи кориашон даъват намуда, бо самимияти бепоён дар бораи устод суханҳои нек гуфтанд ва китоби ба тозагӣ таълифшудаашонро, ки хеле арзишманд буд, бо соядаст ва навиштаҷоти хеле зебо: «Дорогому другу Саъдулло, с наилучшими пожеланиями» ба устод туҳфа фиристоданд. Баъд аз иштирок дар чанде аз конференсия ва ҳамоишҳои илмии байналхалқӣ ва шиносоӣ бо олимони сатҳи ҷаҳонӣ пай бурдам, ки устод ҷойгоҳ ва эҳтироми хоса дар байни ин олимон, бахусус, олимони рус дорад.
Моҳи ноябри соли 2012 дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В Ломоносов дар конференсияи байналхалқӣ «Рушди демография - ситезаҳо ва ҷаҳонишавӣ» дар баробари демографони машҳури дунё - Пол Демени аз ИМА ва Дэвид Коулмен аз Британияи Кабир устоди муҳтарами мо, профессор С. Исломов сазовори медали тилло гардиданд.
Устод доим бо тамкини ба худ хос сухан ронда, мо - шогирдонро насиҳат намуда, роҳи дурусти кору зиндагиро нишон медоданд. Саъдулло Исломов, собиқ директори Институти демографияи АМИТ ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар 78-солагӣ дунёи фониро падруд гуфтанд, ки як талафоти бузурге буд барои илми тоҷик. Мо, ҳамкорон ва шогирдон, аз он ифтихор дорем, ки аз мактаби чунин олими номдор, фозилу закӣ, хирадманду дурандеш ва пухтакор гузаштаем.
Сайалӣ Мирзоев,
Алишер Ҳайдаров,
устодони кафедраи омори ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр