Нашрияи Омӯзгор

Соҳибмактаб

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 119        Шарҳ: 0

 

Сангинмурод Қодиров ҳанӯз ҳангоми дар интернат таҳсил намудан ба корҳои ҷамъиятӣ рағбати зиёд дошт. Аз ин лиҳоз, вазифаҳои масъули ҷамъиятиро ба уҳдааш вогузор менамуданд. Сипас, хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои ӯ мактаби дигари зиндагӣ маҳсуб ёфт. Устод Сангинмурод Қодиров ба факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил гардида, онро бо муваффақият хатм менамояд. Таҳсили муваффақона ва ташаббускор буданашро ба эътибор гирифта, раёсати вақти донишгоҳ ӯро ба сифати коромӯзи кафедраи умумидонишгоҳии педагогика ва психология тавсия менамояд.

Муҳити донишгоҳӣ ба фаъолияти баъдинаи ин ҷавони ташнаи маърифат шароиту фазои мусоидро фароҳам овард.

…Устод  Сангинмурод Қодиров дар тадқиқоти бунёдиаш дар илми педагогика ба масоили мубрами соҳаи мазкур дахл намудааст, аз ҷумла, низоми педагогии тарбияи ҷавонон ба меҳнат дар шароити ҷумҳурӣ, ташаккули сифатҳои шахсии наврасон, вусъатбахшии тадбирҳои интихоби касб барои муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, самарабахшии шаклу усули таълимӣ дар ҷараёни дарс бо назардошти истифодаи таълими мошинҳои ҳисоббарори электронӣ дар макотиби олӣ, инкишофи нутқи хонандагони синфҳои 2– 4 дар раванди аз бар намудани ҳиссаҳои нутқ, низоми тарбия намудани муаллимони оянда барои фаъолияти наврасони душвортарбия, усулҳои фарҳанги тарбияи варзиш дар хонандагон, фаъолияти якҷояи муаллимон ва волидайн дар тарбияи наврасон ва ғайра. Таҳти сарварии устод се нафар рисолаи докторӣ ва 13 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карда, айни замон онҳо ба тадқиқи паҳлуҳои мухталифи илми педагогикаи миллӣ машғуланд.

Дар хусуси фаъолияти бобарору заҳматталаби муаллим олимони намоёни педагогика чунин зикр кардаанд:

Академики Академияи   таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор М. Лутфуллоев:

«….. Профессор С. Қодиров дар таҳияю баррасии назарияи мактаби миллӣ ва «Қонун дар бораи маориф», ки ҳоло дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарор доранд, саҳми муфид гузоштаанд. Ҳамзамон, бо дарназардошти тақозои давр дар тарбияи муаллимони оянда барои факултетҳои педагогӣ тадқиқотеро анҷом доданд, ки аҳамияти илмию амалии онҳо назаррас аст…»

Оид ба ҷабҳаи дигари фаъолияти Сангинмурод Қодиров, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи миллии Қазоқистон Г. А. Уманов  нигоштааст: «… Равобити илмии мо дар бахши илмҳои  педагогӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути профессор С. Қодиров сурат мегирад. Сангинмурод Қодиров ҳамчун муҳаққиқи соҳа дар симпозиум ва конференсияҳои илмию назариявие, ки дар кишвари мо Қазоқистон баргузор мегардад, бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад менамоянд. Инчунин, ӯ ҳамчун муқарризи рисолаҳои номзадиву докторӣ дар Шӯрои ҳимоя баромад намуда, барои беҳбудии тадқиқот дастурҳои ҷолиб        пешниҳод менамоянд…»

Дар тӯли фаъолияти судбахшашон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устод С. Қодиров ҳамчун мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика ба комёбиҳои зиёд ноил гаштаанд. Бо ибтикори муаллим ва дастгирии аъзои кафедра, ҳар сол дар заминаи кафедраи умумидонишгоҳии педагогика ду маротиба конференсияҳои илмию назариявӣ баргузор мегардид, ки масъалаҳои муҳиму дархӯри илми педагогикаро мавриди баҳсу мунозира қарор медоданд.

Устоди зиндаёд Сангинмурод Қодиров бо фаъолияти густурдаи хеш дар баррасӣ ва тадқиқи илми педагогикаи муосир хидмати бузурге намудааст. Ӯ дар умри бобаракати  худ  беш аз 120 китобу монография, дастуру барномаҳои методӣ ва мақолаҳои илмӣ ба табъ расондааст, ки «Масоили иҷтимоӣ-педагогии наврасони душвортарбия», «Ҷамъият ва наврасони душвортарбия», «Асосҳои интихоби тахассус дар мактаб», «Меҳнат – асоси тарбияи шаҳрвандии ҷавонон», «Равоншиносӣ» аз ҷумлаи номгӯи нопурраи асарҳои таълифнамудаи муаллиманд, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд.

Шурӯъ аз даврони соҳибис-тиқлолии кишварамон муаллим ба масъалаҳое рӯ овард, ки шарҳу тавзеҳи онҳо қобили писанд буд. Ба монанди вижагиҳои корҳои ҳирфаӣ дар оила ва мактаб, маҳорати педагогии омӯзгор дар партави консепсияи мактаби миллӣ, тарбияи ҳуқуқию ахлоқӣ, меҳнат - асоси тарбияи  шаҳрвандии ҷавонон, шаклҳои фаъолият бо наврасони душвортарбия, идора намудани раванди тарбия дар шароити мухталиф, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон ва дигар мавзуъҳои фарогири давраи навин ва амсоли ин.

Фаъолияти мудаббирона ва машаққатҳои пай дар пай ба омӯзгори фидоӣ имкон фароҳам овард, ки ба дараҷа ва унвонҳои  баланди илмию ифтихорӣ - доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи   таҳсилоти Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмҳои байналмилалии  мактабҳои олӣ ва Корманди шоистаи Тоҷикистон  сазовор гардад.

Ҳамзамон, устод Сангинмурод Қодиров ба ҳайси узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллӣ ва Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадию доктории Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи   таҳсилоти Тоҷикистон меҳнати самарабахш намудааст.

Бо туфайли ҷалби ҷавонони соҳибзавқу донишманд ба таҳқиқи мавзуъҳои алоҳидаи илмӣ ба устод муяссар гардид, ки саҳифаҳои наверо дар рушди низоми педагогикаи Тоҷикистони азизамон барои хонандагон равшан намояд. Бо боварӣ метавон изҳор дошт, ки устод мактаби бузурги илмиеро бунёд гузоштааст. Ӯро барҳақ метавон бо сарбаландӣ соҳибмактаби илми педагогика дар Тоҷикистон ном бурд. 

Бо ибтикори  кафедраи умумидонишгоҳии педагогика ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳар сол дар моҳи декабр ба хотири ёдбуд -  солгарди муаллими ахлоқ, профессор Сангинмурод Қодиров конференсияи илмию амалӣ ва семинарҳоро баргузор менамоянд. Ин иқдоми фараҳбахш боиси дастгирист ва умед дорем, ки рӯҳу равони омӯзгори асил аз ин иқдоми эҳтиромгузорон  шод  мегардад.

Имрӯз ин шахсияти фидоӣ, инсони нек, муаллими фидокор ва олими шинохта бо амри тақдир дар байни мо нест, аммо рӯҳи эшон бо мост, зеро накуном умр ба сар бурданд.

Устод Сангинмурод Қодиров аз ҳамин гуна устодоне буданд, ки дар хонаи ҳар шогирд дар бораашон боэҳтирому ифтихор ҳарф мезаданд. Ин бесабаб нест. Зеро чунин устодон тимсоли меҳранд, ба шогирдон баробар ба фарзандон пурмуҳаббатанду ғамхор, хурдтарин ташвиши шогирдон барояшон кӯҳи ғам буд.

Воқеан, фарзандони устод тавонистанд номи падар ва рӯҳи ӯро шод намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва сиёсат  ба Ватану миллати хеш хизмат намуда истодаанд.

 

А.Миралиев,

ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор,

Ғ. Бобокалонов,

сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ.,

дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати

факултети ҳуқуқшиносӣ,

М. Ғиёсиев,

мудири кафедраи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи

маориф, номзади илмҳои

педагогӣ, дотсент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш