Нашрияи Омӯзгор

Қадрдонии ғолибон

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 79        Шарҳ: 0

 

Тавре  маълум аст,  озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд. Ба ифтихори пирӯзии толибилми синфи 11-и литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Сарвиноз Файзуллобекова дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон (ҷойи 3-юм) ва омӯзгорони ин таълимгоҳ Фарида Мамадназарова дар номинатсияи адабиёти бачагона ва Шоҳзодабегим Шукрихудоева  дар номинатсияи адабиёти ҷаҳонии  ҷойи дуюмро касб кардаанд, чорабинӣ тантанавӣ доир шуд. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ Ризозода Шодӣ ғолибони  даври ниҳоии ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро табрику таҳният гуфт.

Ҳамзамон, дар охири чорабинӣ раиси шаҳр ғолибони озмун, волидайну омӯзгори толибилм Сарвиноз Файзуллобекова Заррина Шерғозиева ва директори ин таълимгоҳ Давлат Худоназаровро бо Ифтихорнома ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ  намуд.  

Ҷ.Қозибеков,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш