Ҳангоми таълими мавзуъҳои дарсӣ аз фанни забони англисӣ омӯзгор ба робитаи ин фан бо фанҳои дигар бояд таваҷҷуҳи зарурӣ равона кунад. Воқеан, дар таълими ин фан алоқамандона ба адабиёт, таърих, география, физика ва дигар фанҳо омӯзондани мавзуъҳои дарсӣ судманду муассир мебошад. Вобаста ба адабиёти ҷаҳон омӯзондани мавзуъҳо моҳияту нақши бузурги забони англисиро нишон медиҳад. Ба робитаи забони англисӣ бо таърих низ аҳамият додан аз фоида холӣ нест. Хонандагон аз нақли омӯзгор дар бораи воқеаҳои пурошӯби ину он мамлакат, сиёсати реаксионии ҳукуматҳои буржуазӣ, поймол гардидани ҳуқуқи меҳнаткашон ва ғайра маълумот ҳосил мекунанд. Алоқамандона омӯзондани забони англисӣ бо таърих, ҳангоми таълими мавзуи «9 май- Рӯзи ғалаба» хеле созгор мебошад. Мусаллам аст, ки бисёре аз мавзуъҳо ба вазъи ҷуғрофӣ, иқлим ва масоили демографияву урбанизатсия бахшида шудаанд. Аз ин рӯ, тавъам бо маводу маълумоти омори географӣ омӯзондани мавзуъҳои мазкур ба рушди тафаккури зеҳнии шогирдон мусоидат карда, сатҳи фаҳмишу ҷаҳонбинии онҳоро таҳаввулу такомул мебахшад. Бояд зикр намуд, ки донистани маълумоту донишҳои географӣ ба хонандагон дар бораи навиштани иншо ва эссе дар бораи шаҳри Душанбе -пойтахти кишвар, рушду пешрафт ва дигаргуниҳои зиёде, ки солҳои охир дар шаҳр ба амал омаданд, хидматҳои мондагори Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тараққию ободкориҳои пойтахт ва амсоли инҳо ба мақсад мувофиқ мебошад. Ҳадаф аз роҳандозии чунин ҷанбаҳои таълимӣ такомулу инкишофи нутқи хаттию шифоҳии шогирдон аз забони англисӣ маҳсуб меёбад. Тавре маълум аст, дар синфи шашум хонандагон мутобиқи барномаи таълимӣ аз фанни адабиёт бо эҷодиёти шоирони маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Гулназар ва дигарон шинос мегарданд. Дар машғулиятҳои забони англисӣ, онҳо метавонанд бо супориши омӯзгор, ба таври мустақилона мазмуну моҳияти ашъори сурудаи ин шоиронро мухтасаран ба забони англисӣ рӯйи коғаз биёранд. Албатта, супоришҳо аз ҷониби омӯзгор набояд якрангу қолабӣ ва дилгиркунанда бошад. Ҳангоми таълими забони англисӣ ба робитаи фанни мазкур бо суруд ва мусиқӣ низ бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар барномаи таълимӣ ҳифзу аз бар кардани сурудҳои шавқовар бо забони англисӣ дар назар дошта шудааст. Омӯзгор ҳангоми интихоб ва пешниҳоди шеъру сурудҳо бо ин забон бояд ба ғановати лексикӣ ва ғояву муҳтавои сурудҳо диққат диҳад. Бо мусиқӣ сурудани шеърҳо ба он мусоидат мекунад, ки хонандагон бо ҳидояти омӯзгор ба тарзи талаффузи овозҳо, оҳангнокӣ (интонатсия), қоидаҳои сарфу наҳв аҳамият дода, ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Алоқаманд бо адабиёти бадеӣ омӯзонидани забони англисӣ, хусусан, дар дарсҳои хониши беруназсинфӣ дар масъалаи ба ин забон мутолиа намудани осори адибон хеле ҷолиб ва судманд мебошад.
Аз ин рӯ, дар маҳфили забони англисӣ, конфронсҳои адабӣ, шабнишиниҳои фаннӣ, ҳафтаи фаннӣ ва ғайра ба омӯзиши густурдаи забони англисӣ таваҷҷуҳи ҳаматарафа зоҳир бояд кард.
Зайнаб Ғаффорова,
омӯзгори МТМУ №48,
ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр