Нашрияи Омӯзгор

Агар солим будан хоҳӣ…

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 38        Шарҳ: 0

 

Тавре аз тадқиқоти олимони соҳаи тиб бармеояд, касоне, ки доимо пиёда сайругашт мекунанд, нисбат ба афроди камҳаракат аҳёнан дучори бемориҳо мегарданд. Буқроти Ҳаким (Гиппократ) пиёдагардиро «беҳтарин воситаи табобати ранҷуриҳо» номида буд.

Пиёдагардӣ хавфи гирифторшавӣ ба бемориҳои дил, инсулт ва фарбеҳиро кам месозад. Сайругашти ҳамарӯза диабетро пешгирӣ намуда, ба азхудкунии инсулин барои организми инсон мусоидат мекунад. Пиёда гаштан кори мағзи сарро беҳтар карда, баҳри хоби бароҳат ва мубориза бо афсурдаҳолӣ ёрӣ мерасонад.

Олимони Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ исбот кардаанд, ки 15 дақиқа пиёда гаштан нисбат ба доруи оромкунандаи асаб ҳолати изтиробии инсонро беҳтар мегардонад.

Карл Касперсон аз маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар Атланта (Иёлати Ҷорҷия) мегӯяд: «Агар  афроди идоранишину камҳаракат ҳамарӯза 30 дақиқа пиёда гарданд ва тезтар ҳаракат намоянд, метавонанд хавфи гирифторшавӣ ба бисёр бемориҳоро кам кунанд».

Пиёдагардӣ ба одамони гуногунсол нафъ дорад ва ягон хел машқу тайёриро талаб намекунад. Кӯшиш кунед ҳангоми пиёдагардӣ пойафзолатон танг набошад. Пойафзоли сабук пӯшидан беҳтар аст. Баъзеҳо ҳангоми гардиш бо худ дар зарфе оби ҷӯшонида мегиранд.

Дар ҳавои гарм он барои рафъи ташнагӣ ба кор меояд. Духтурон маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми роҳравӣ қоматро рост гирифтан лозим аст. Аввал оҳиста ба роҳ даромада, тадриҷан суръати ҳаракатро афзудан зарур аст. Касоне, ки бори аввал пиёдагардии нимсоатаро интихоб мекунанд, метавонанд то ду ҳафта дар нисфи роҳ кам-кам дам гиранд. Аммо агар дар вақти пиёдагардӣ нафаскашӣ душвор шуда, дар қафаси сина дард эҳсос гардад, сар чарх занаду дил беҳузур гардад, дар сояи дарахте дам гирифта, ба духтур  муроҷиат кардан даркор аст.

Рӯзе ним соат пиёда гаштан баданро солиму бардам нигоҳ медорад. Дар як соат ба ҳисоби миёна панҷ-шаш километр роҳро тай кардан маслиҳат дода мешавад.

 

А.Бутаев,

мушовири кабинети

методии шуъбаи маорифи шаҳри Норак 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш