Нашрияи Омӯзгор

Ганҷинаи хирад

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 87        Шарҳ: 0

 

Агар ба гуфтугузорҳои ҷавонону наврасон дар кӯчаҳои пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии кишвар бодиққат гӯш андозем, аз шунидани каломашон хиҷолатзада мешавем. Намедонам чаро, аммо аксари онҳо бе калимаҳои дағалу дашномҳои гӯшношунид гӯё мақсадашонро баён карда наметавонанд. Вожаҳои бад, ҳақоратҳои нестандарҷаҳон мисли тир аз даҳонашон парида, бо гӯши шунаванда мехалад. Зеҳнро озор медиҳад, қалбро ноорому хотирро мушавваш мегардонад. Барои он мушавваш мешавем, ки шунидани алфози бадро аз забони наберагону меросбарони суханварони бузурге чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Мавлонову Хаём, Айнию Лоиқ интизор надорем. Суоле пеш меояд, ки чаро аксари наврасони имрӯзаро забони гуфторашон «чиркин» шудааст? Ба андешаи мо, сабабаш каммутолиа будани онҳост. Аз ин рӯ, забонашон олудаи ҳарфҳои пучу беҳуда гаштааст. Агар бештар ба китоб рӯй меоварданд, аз ин шеваи гуфтори хеш бори хиҷолат мекашиданд. Агар бештар мехонданд, аз афкори ҷаҳоншумули фарзандони фарзонаву андешаманди миллати тоҷик огоҳ мегардиданд ва ба гунаи дигар рафтору кирдорашон сурат мегирифт. Бо забони ноби тоҷикӣ суҳбат мекарданд, ки аҷдодони мо барои ҳифзу нигаҳдошти он ҷонбозиҳои зиёде кардаанд.        

Мо омӯзгоронро, ки қишри зиёии ҷомеа ба ҳисоб меравем, ин масъала – каммутолиа будани аксари наврасон набояд бетараф бигузорад. Дар ин самт бояд муаллимони ҳамаи фанҳо ҳамфикру ҳамандеша бошанд, даст ба дасти ҳамдигар дода, фаъолият баранд. Пеш аз ҳама, бо истифода аз методу усулҳои гуногуни муосир бояд насли ҷавонро ба китобхонию китобдӯстӣ ташвиқ намоянд. Ҳамкории мактаб ва оиларо вусъат бахшида, ба ин масъала диққати волидонро низ ҷалб намудан зарур аст. Бо забони содаю равон ба хонандагон фаҳмондан лозим, ки инсон бо китобхонӣ олами наверо барои худ кашф менамояд. Хондани китоб қобилияти сухандониву суханварии инсонро такмил медиҳад, доираи ҷаҳонбинияш васеъ мегардад ва ба зиндагӣ аз диди дигар нигоҳ мекунад. Бо мутолиаи китоб мо байни хубу бад фарқ мегузорем ва роҳи дурусти зиндагиро дармеёбем. Миллати мо аз азал китобро ҳамчун сарчашмаи донишу хирад, ақлу заковат ва беҳтарин ҳамнавову ҳамнишин ва устоди беминнат медонист. Суханони мазкур гувоҳи он аст, ки халқи соҳибтамаддун ва миллати бофарҳанги тоҷик аз замони қадим ба ин ганҷинаи арзишманд таваҷҷуҳи бемисл зоҳир менамуд. Шахсе, ки китоб мутолиа мекунад, ҳеҷ гоҳ дар чоҳи торикиву ҷаҳолати зиндагӣ намеафтад, зеро панду андарзҳои китобро роҳнамои роҳи худ дар зиндагӣ қарор медиҳад.

Мо, омӯзгорон, ба шогирдон тазаккур бояд диҳем, ки бе китоб ғизои маънавӣ гирифтан ва нури илмро дар умқи дил ҷой кардан корест мушкил. Гузаштагони мо дар бораи китоб мақолу таъбирҳои зиёде доранд, ки яке аз машҳуртарини онҳо чунин садо медиҳад: «Ганҷ магир, китоб гир».

 

Сабоҳат Худойбердиева,

омӯзгори математикаи

литсейи «Роҳнамо»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш