Нашрияи Омӯзгор

Макони соҳибҳунарон

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

Муассисаи давлатии таълимии  литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат дар давоми 46 соли мавҷудияташ зиёда 13000 мутахассисро бо ихтисосҳои гуногун тайёр намудааст, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар кору фаъолият мекунанд. Дар литсейи мазкур муҳассилин аз рӯйи ихтисосҳои чӯбтарош, кандакор, сохтмончӣ, кашфергари барқи газӣ, хиштчин, монтёри барқӣ, челонгар, ронандагони дарҷаи «С», автокранчиён, ронандагони кранҳои борбардор, мошиначии булдозер, челонгари таҳҷизоти газӣ, алоқачии соҳаи алоқа, дӯзанда, тракторчӣ ва ғайраҳо касбу ҳунар меомӯзанд. Дар соли хониши 2020-2021 206 нафар касбомӯз литсейро хатм карда, аз ин шумора 184 нафар соҳиби диплом гардиданд.

Хонандагони литсей дар сохтмони иншооти бузурги ҷумҳурӣ, аз ҷумла, неругоҳҳои барқӣ, - обии Норак, Бойғозӣ, Роғун, заводи алюминии шаҳри Турсунзода ва ғайраи дигар кор карда истодаанд. Ба толибилмон 24 нафар омӯзгори соҳибмаълумот ва дорои  маълумоти махсус касбу ҳунар меомӯзонанд. Дар литсей майдончаи варзишии замонавӣ, китобхона, синфхонаҳои фаннии муҷаҳҳаз дар хизмати муҳассилин қарор доранд. Дар муассиса 14 компютер мавҷуд аст.

Ҳокими Сафар,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш