Нашрияи Омӯзгор

Комёбии олимони тоҷик

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 69        Шарҳ: 0

 

Дар ҷаласаи навбатии шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ аз байни довталабон се нафар олими тоҷик Самариддин Афғонов, Файзалӣ Ҷумахонзода ва Абулҳай Комилӣ зимни овоздиҳии пӯшида академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд. Доктори илмҳои педагогика, профессор Самариддин Афғонов феълан ба сифати профессори Донишгоҳи Калифорнияи Амрико фаъолият дошта, муаллифи беш аз 15 таълифот, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзалӣ Ҷумахонзада муаллифи 15 таълифот ва беш аз 50 мақолаи илмӣ ва профессор  Абулҳай Комилӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар фаъолият дорад, муаллифи беш аз 64 китоб, дастур ва васоити таълим ва 360  мақолаи илмӣ мебошанд. Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътироф шудаанд.

Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ соли 1992 бо мақсади мусоидат ба ҳалли мушкилоти муассисаҳои олии таълимӣ дар ҷодаи гузариш ба низоми нави таҳсилот, рушди илм, ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар низоми таҳсилоти касбӣ таъсис ёфта, беш аз 1200 олими муътабари сатҳи ҷаҳониро аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон муттаҳид менамояд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш