Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки дар соли хониши 2017-2018 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои вилоятӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 4 медали тилло, 12 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд. Барои сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳия ва омода гардидааст. Тибқи нақша дар тӯли солҳои 2018 - 2021 бунёди 7 муассисаи таълимӣ, 9 синфхонаи таълимӣ, 2 кӯдакистон дар назар дошта шудааст. Раҳбарияти ноҳия ба масъалаи бунёду таҷдид ва таъмиру нигоҳдорӣ ва мустаҳкамсозии пояи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимии ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №30-и деҳаи Меҳровари деҳоти Чубек, 6 синфхонаи иловагӣ дар назди гимназияи давлатӣ ва сохтмони муассисаи таълимии №43-и деҳаи Ҳуснободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод идома дорад. Барои омодагии муассисаҳои таълимӣ дар давраи тирамоҳу зимистон 364 тонна ангишт, 90 м3 ҳезум ва 70 литр сӯзишворӣ захира гардидааст.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр