Нашрияи Омӯзгор

Як усули омӯзиши ҳамсадоҳо

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 155        Шарҳ: 0

 

 

Имрӯзҳо дар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ҳангоми таълими мавзӯи «ҳамсадоҳои ҷарангдор ва беҷаранг» дар синфи 5-ум ва таҳлили фонетикӣ мушкилоти зиёде пешорӯи омӯзгорони забон меояд; аз ҷумла, ҳангоми муайян намудани ҳамсадоҳои ҷарангдор ва беҷаранг, ҷуфти ҷарангноку беҷаранг, ҳамсадоҳои ҷарангдору беҷаранги беҷуфт.

Дар алифбои забони тоҷикӣ 35 ҳарф мавҷуд аст, ки онҳо ба се қисм тақсим мешаванд: садонокҳо, ҳамсадоҳо, йотбарсарҳо.

Овозҳое, ки дар талаффузи онҳо ҳавои аз шуш бароянда ба монеа дучор мешавад, ҳамсадо ном дорад.

Ҳамсадоҳо бисту чортоянд. Ҳамсадоҳоро аз рӯйи иштирок садо ва шавшув ба ду қисм  ҷудо мекунанд: ҳамсадоҳои ҷарангдор, ҳамсадоҳои беҷаранг. Ҳамсадоҳои ҷарангнок 13-то мебошанд: б,в,г,д,ж,з,й,л,м,н,р,г,ч. Ин ҳамсадоҳо дар ташкили садову «шавшув» ширкат меварзанд. Ҳамсадоҳои беҷаранг 11-тост: к, к,п,с,т,ф,х,ч,ш,ъ. Дар ташаккули ҳамсадоҳои беҷаранг танҳо овозҳои «шавшув» иштирок мекунанд.

Омӯзгор ҳамсадоҳои ҷарангнокро дар тахтаи синф менависад ва аз зераш ҳамсадоҳои беҷарангро меорад ва ҳамсадоҳоеро, ки ҷуфт надоранд, дар алоҳидагӣ нишон медиҳад.

Омӯзгор аз хонандагон хоҳиш менамояд, ки  гӯшҳояшонро бо кафи дастҳо пӯшида, ҳамсадоҳои б-п, д-т, г-к, ч-ч, з-с, ж-ш, г-х, в-ф…ро чанд бор бурро ва равшан талаффуз намоянд. Баъд хоҳиш намояд, ки дастҳоятонро аз гӯшҳоятон гиред.

Шумо ҳис кардед, ки ҳангоми ҳамсадоҳои б,д,г,ч,з,ж,г,в,р, л,м,н,й-ро талаффуз кардан шавшув ва садо то гӯшатон омад. Ва ҳангоми талаффуз намудани ҳамсадоҳои п.т,к,ч,с,ш,х,ф,к,х,ъ танҳо шавшув холӣ то гӯшҳоятон омадааст…

Бояд гуфт, ки ҳамаи хонандагон супоришҳои омӯзгоронро дарзамон фаҳмида наметавонанд. Аз ин хотир, омӯзгор метавонад чанд маротибаи дигар ин усулҳоро бо хонандагон дар ҷараёни дарс такрор намояд. Ба ин тариқ, омӯзгор метавонад, ки ба мақсади дар аввали дарс гузоштаи худ бирасад.

 

Низоммуҳаммад Сафаров,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷики

мактаби №172-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш