Хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз нахустайёми пой ба остонаи мактаб ниҳодан тадриҷан ба таҳсил одат мекунанд, бо китобу дафтар ва дигар ашёи хониш муносибат намуданро ёд мегиранд, бо китобхона шинос мешаванд, оид ба дониш ва моҳияти китоб тасаввурот ҳосил менамоянд, мустақилият меомӯзанд. Муаллимон хусусиятҳои равонии шогирдонро ба назар гирифта, бо ҳар роҳ онҳоро ба донишомӯзӣ шавқманд менамоянд. Дар онҳо сифатҳои саъю кӯшиш ва ғайратро бедор месозанд. Тадриҷан бо камоли ғамхорӣ дар дили хурдсолон нисбат ба дониш меҳр мепарваранд, ҳангоми бозиҳо шавку завқи онҳоро бедор мекунанд. Суҳбатҳо дар атрофи «Китоб - сарчашмаи дониш», «Китоб - ҳамдами мушфиқ», ва тамошои барномаҳои телевизионии ва хондани чистону ребурсу кроссвордҳо, зарбулмасалу мақол ва шеърҳо дар сифоти китоб ва дониш меҳри хурдсолонро афзун мегардонанд. Тавзеҳу маънидоди мақолҳои “хондан” - маърифат, нахондан - “ҷаҳолат”, “хоно биност”, “дониш аз хониш”, “дониш хоҳӣ, пурсон бош”, “доноӣ биноӣ аст” ва ғайра муҳаббати шогирдонро ба дониш афзун месозад. Дар ин маврид калимоти маърифат, ҷаҳолат, биноӣ ва ғайра муфассал ва бо забони содда шарҳ меёбанд. Ба воситаи хондани афсонаҳои халқи тоҷик, намунаҳои назму насри эҷодиёти даҳонакии халқ, адибони адабиёти хурдсолон ҳам ҳисси донишомӯзии шогирдонро афзудан мумкин аст.
Оид ба тарбия намудани майли донишомӯзӣ ба хонандагони хурдсол шаклҳои зерини кор тавсия мешаванд:
- дар шогирдон парвардани муносибати эҳтиёкорона ба асбобҳои хониш ва мактаб;
— тарзи истифодаи дурусти китоб, китобхонаи мактаб;
— гузаронидани саёҳати хонандагон дар мактаб (ҳавлӣ, майдони варзиш, ошхона, кабинетҳои таълимӣ (синфхонаҳо);
— тартиб додани реҷаи кор дар мактаб ва дар хона;
— дар хонандагон ташаккул додани мустақилиятнокӣ ва худомӯзӣ;
— муайян кардани омилҳои инкишофи хонандагон ва мувофиқан он ба онҳо супоридани вазифаҳои тарбиявӣ;
— мувофиқи қобилияти ҳар як талаба гузаронидани корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ, хонишҳо, саёҳатҳо, саволу ҷавоб, иштирок дар маҳфилҳо ва ғайра;
— ташкили бозиҳои варзиш, саёҳатҳо, шабҳои саволу ҷавоб, вохӯриҳо доир ба шинос шудан бо кишвари худ;
— ба хонандагон фаҳмонидани роҳхои истифодаи дониш дар ҳаёт;
— ёрӣ расонидан ба рафиқон, калонсолон, маҷрӯҳон ва муҳтоҷон;
- дар хонандагон тарбия намудани худидоракунӣ, эҷодкорона ва мустақилона тайёр намудани вазифаи хонагӣ ва супоришҳои дигар, риоя намудани қоидаҳои талабагӣ.
Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ нисбат ба омӯзгорони дигар масъулияти бештаре дорад. Ӯ дар саргаҳи таълиму тарбия қарор гирифтааст. Ва чунонки мегӯянд, “об аз сар бояд соф бошад”.
Мастона Ҳаитова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №20-и ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр