Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти таҳлили фонетикӣ

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 198        Шарҳ: 0

 

Таҳлил дар дарсҳои забони тоҷикӣ ҳамчун усули ҷамъбасткунанда ё хулосакунандаи натиҷаи омӯзиши мавзуъҳо, фаслҳо ё бобҳои алоҳидаи забони тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба ҳисоб рафта, нишондиҳандаи дараҷаи дониш, малака ва маҳорати хонандагон мебошад.

Як намуди таҳлил, ки дар дарсҳои забони тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад, таҳлили фонетикӣ аст. Ин намуди таҳлилро дар синфи 5, дар давраи омӯзиши боби «Фонетика» ва пас аз ба охир расонидани он гузаронидан бамаврид аст, зеро дар ин давра хонандагон ҳамаи зермавзуъҳои ин боб, ба монанди дастгоҳи гуфтор, овоз ва ҳарф, алифбо, овозҳои садонок ва ҳамсадо, ҳиҷо, зада ва ғайраро меомӯзанд.

Дар таҳлили фонетикӣ овозу ҳарфҳо, ҳиҷою задаи калимаҳои алоҳида мавриди таҳлил қарор дода мешаванд.

Таҳлили фонетикиро дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ, ҷузъӣ ва куллӣ гузаронидан мумкин аст. Таҳлили ҷузъии фонетикии калимаро ҳангоми омӯхтани зермавзуъҳо доир ба овоз, ҳарф, ҳиҷо, зада гузаронидан аз аҳамият холӣ нест, вале таҳлили куллии фонетикии калимаро пас аз итмоми пурраи мавзуъҳои боби фонетика гузаронидан ба мақсад мувофиқ аст. Таҳлили ҷузъии калимаи “падар”-ро ба таври  зайл гузаронидан мумкин аст: калимаи “падар” аз панҷ овоз ва панҷ ҳарф, ду садонок ва се ҳамсадо иборат буда, ба ду ҳиҷо ҷудо мешавад, задаро ҳиҷои дуюм қабул мекунад.

Таҳлили куллии (пурраи) фонетикии калима тавсифи ҳамаи хусусиятҳои унсурҳои фонетикии калима, аз қабили овозу ҳарф, садоноку ҳамсадо ва ҳиҷову задаро дар бар мегирад. Тартиби гузаронидани таҳлили пурраи фонетикии калима ба тарзи зер ба мақсад мувофиқ аст:

1. Интихоби калима аз дохили ҷумла ва ба таври алоҳида навиштани он 2.Ба ҳиҷо ҷудо кардани калима, муайян кардани ҳиҷои заданок ва гузоштани аломати зада (,) дар болои овози садоноки ҳиҷои заданок 3. Муайян кардани овозҳои таркиби калима: а) Ёфтани овозҳои садонок ва бо кадом ҳарф ифода шудани онҳо, хусусиятҳои ҳар кадом овози садонок дар алоҳидагӣ б) Муайян кардани ҳамсадоҳои таркиби калима, бо кадом ҳарф ифода шудани онҳо ва хусусиятҳои ҳар як овози ҳамсадо дар алоҳидагӣ.

4. Маълумот дар бораи ҳиҷоҳои калима, кадом навъи ҳиҷо (кушода ё баста) будани он, миқдори овозҳои садонок ва ҳамсадои ҳиҷо.

5.Маълумот дар бораи задаи калима ва шарҳ додани чаро ба ин ё он ҳиҷо афтодани он.

6. Муайян кардани миқдори овоз ва ҳарф дар калима, мувофиқат кардан ё накардани миқдори овозҳо ва ҳарфҳои калимаро шарҳ додан. Намунаи таҳлили хаттии куллии (пурраи) фонетикии калимаи модар: Модар: м о –д ар

1. м– (ме) ҳамсадои сонории лабулабии зичи димоғӣ

о – (о) садоноки устувори пасизабонии нимфарохи лабӣ

д – (де) ҳамсадои пешизабонии зичи таркандаи ҷарангдор

 а – (а) садоноки ноустувори ғайрилабии фарохи нугизабонӣ

р – (ре) ҳамсадои сонории пешизабонии ларзон

2. Калимаи модар аз панҷ ҳарф ва панҷ овоз иборат аст, миқдори ҳарфу овоз мувофиқат мекунад, барои он ки ҳар як ҳарф як овоз медиҳад. Дар калимаҳои дар таркибашон ҳарфҳои йотбарсар (е,ё,ю,я) ва сакта (ъ) дошта, миқдори овоз ва ҳарф мувофиқат намекунад. Масалан, калимаи дарё аз чор ҳарф иборат буда, вале панҷ овоз дорад, зеро йотбарсари ё ду овозро (й+о) ифода мекунад, калимаи маъно аз чор овоз ва панҷ ҳарф иборат аст, зеро ҳарфи сакта (ъ) талаффуз намешавад. Дар сурати ба ҷойи ҳарфи э навишта шудани йотбарсари е (й+э) як овозро (э) ифода мекунад: себ, шер, шанбе.

 

Қурбонбой БОБОЕВ,

омӯзгори коллеҷи омӯзгории

ноҳияи Зафаробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш