Нашрияи Омӯзгор

Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 138        Шарҳ: 0

 

Дар шароити бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки кишвари мо низ шомили ин ҷараён аст, таъмини тараққиёти соҳаҳо ва бахшҳои ҳаёти ҷомеаро бидуни ба вуҷуд овардани заминаи мукаммали қонунгузорӣ тасаввур кардан душвор аст. Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 -2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст, яке аз омилҳои зарурати қабули он «пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофот, номутобиқатӣ, нуқсонҳо, такроршавӣ дар қонунҳо ва хориҷ кардани меъёрҳои ҳуқуқии моҳияташонро гумкардаю камсамар» дониста шудааст.

Бо ин мақсад, айни ҳол дар кишварамон оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, соҳаи маориф низ як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки онҳо дар баробари дигар омилҳо ба  таъмини тараққиёти усувори соҳаи маориф низ мусоидат намуда истодаанд. Яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим дар соҳаи маориф, ки тибқи қисми 4 моддаи 8 Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013, №1004 танҳо бо қарори Ҳукумати ҶТ тасдиқ карда мешавад, стандартҳои давлатии таҳсилот аст. Нақши стандартҳои давлатии таҳсилотро ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маорифи  кишварамон ба назар гирифта, дар моддаи 1, Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» мафҳуми расмии он муқаррар гардида, моддаи 8 бошад, стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ номгузорӣ гардидааст. Зиёда аз ин, моддаи 9 Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» сохтори низоми маориф нахуст аз стандартҳои давлатии таҳсилот иборат дониста шудааст, ки ин ҳолат низ маҳз аз нақши муҳим доштани стандартҳои давлатии таҳсилот дар соҳаи маориф шаҳодат медиҳад.

Аз назари мо, бо назардошти нақши муҳим доштани стандартҳои давлатии таҳсилот дар амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ зарур аст, ки муқаррароти стандартҳои давлатии таҳсилот, таҷдиди назар карда шуда, ба талаботи муқарраргардидаи қонунгузории амалкунанда мутобиқ сохта шаванд. Табиист, ки ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ бо сипарӣ гардидани муҳлати муайян ба такмил ниёз пайдо менамояд. Аз ин нуқтаи назар, дар сархати 3, банди 8, қисми 205, зербоби 4 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 тасдиқ шудааст, таҳияи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар таҳрири нав ва тасдиқи он дар сатҳи қонунгузорӣ муҳим дониста шудааст. Мутолиаи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №94 тасдиқ шудааст, моро ба хулоса овард, ки санади мазкур айни ҳол аз якчанд ҷиҳат ба такмил ниёз дорад.

1.Дар сархатҳои 3, 4 ва 5 банди 3, бандҳои 4, 5, сархатҳои 3, 4 ва 7, банди 7, бандҳои 9, 14, 23, 28, 29, 39, 42, 43, 44, 51, 53 ва 54 стандарти мазкур ибораҳои «муассисаи таҳсилоти олии касбӣ», «Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «муассисаҳои таҳсилоти олии касбие» ва «муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» пешниҳод мешавад, ки мутаносибан ба ибораҳои «муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ», «Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбие» ва «муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ» иваз карда шавад.

Тибқи талаботи сархати 21, моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳамчун қонуни асосии соҳа, ба роҳ мондани раванди муттасили таълиму тарбия на ба зиммаи муассисаи таҳсилот, ки айни замон дар сархатҳои 3, 4 ва 5 банди 3, бандҳои 4, 5, сархатҳои 3, 4 ва 7, банди 7, бандҳои 9, 14, 23, 28, 29, 39, 42, 43, 44, 51, 53 ва 54  стандарти мазкур зикр шудааст, балки ба зиммаи муассисаи таълимӣ вобаста гардидааст. Дар таҷрибаи фаъолият ва номгузории расмӣ низ тамоми ташкилоти таълимӣ на муассисаи таҳсилот, балки муассисаҳои таълимӣ номида мешаванд, ки ба талаботи сархати 21, моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мувофиқ ва ҷавобгӯ мебошад. Дар номи низомномаҳои намунавии зинаҳои таҳсилоти дахлдор низ, ки тибқи талаботи қисми 3 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, ташкилотҳои таълимӣ на муассисаҳои таҳсилот, балки муассисаҳои таълимии таҳсилоти дахлдор номида шудаанд, ки мисоли равшани он Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №306 тасдиқ гардидааст, ба ҳисоб меравад.

Дар номи расмии ташкилотҳои таълимӣ пас аз калимаи «муассиса» ба ҷойи калимаҳои «таълимӣ», «таълимии» дарҳол илова кардани калимаи «таҳсилот» чандон дуруст нест. Чунки калимаи таҳсилот синоними калимаи маълумот буда, он танҳо дар заминаи амалӣ намудани таълим ба даст оварда мешавад. Ба ибораи дигар, таҳсилотро бидуни ба роҳ мондани таълим соҳиб гардидан ғайриимкон аст. Калимаи «таҳсилот» дар номи ташкилотҳои таълимӣ ишора ба зинаи таҳсилоти дахлдор масалан, таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аст. Аз ин рӯ, дар номи ташкилотҳои таълимӣ қабл аз ишора ба зинаи таҳсилоти дахлдор намудан зарур аст, ки нахуст ба таълим ҳамчун намуди мустақили фаъолияти ташкилотҳои таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Ба андешаи мо, маҳз бо ин назардошт, дар банди 44 стандарти мазкур на ибораи «муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» ва амсоли ин, ки дар як зумра нуқтаҳои стандарти мазкур ишора гардидааст, балки ибораи «муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ» зикр шудааст, ки ниҳоят муҳим ва зарур аст. Ҳамзамон, зарур аст, ки дар номи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, пас аз калимаи «давлатии» илова кардан ё накардани калимаи «таълимии» ҳамчун намуди муайяни фаъолият низ фикр бояд кард. Чунки таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун зинаи таҳсилоти алоҳида танҳо дар заминаи амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ ба даст оварда мешавад.

2.Дар сархати 3, банди 3 стандарти мазкур мафҳуми расмии «таҳсилоти олии касбӣ» пешбинӣ шудааст, ки дар мафҳуми мазкур «таҳсилоти олии касбӣ» на ҳамчун зинаи таҳсилоти мустақил, балки дараҷаи таҳсилот баён шудааст. Чунин ҳолат дар сархати 27, моддаи 1, Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 19 майи соли 2009, №531 низ такрор гардидааст. Ҳол он ки қонунгузор дар сархати 11 моддаи 1  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳсилоти олии касбиро яке аз зинаҳои таҳсилоти алоҳида муқаррар кардааст. Мафҳуми зинаи таҳсилот дар муқоиса ба мафҳуми дараҷаи таҳсилот васеъ буда, аввалин фарогири охирин аст. Вобаста ба ин, қонунгузор низ дар қисми 8, моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зимни тавсифи таҳсилоти олии касбӣ ин зинаи таҳсилотро ба дараҷаҳои таҳсилоти бакалавр, мутахассис ва магистр ҷудо намудааст. Қонунгузор низ дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зимни пешниҳоди мафҳумҳои расмии «бакалавр» ва «магистр» онҳоро мутаносибан дараҷаҳои аввал ва дуюми таҳсилоти олии касбӣ номидааст. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки дар сархати 3, банди 3 стандарти мазкур калимаи «дараҷаи» ба калимаи «зинаи» иваз карда шавад.

3. Дар сархати 4, банди 3 стандарти мазкур мафҳуми расмии «таҳсилоти фосилавӣ» пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шахс дар ин шакли таҳсил тавассути истифодаи воситаҳои электронӣ ва телекоммуникатсионӣ таҳсилоти олии касбиро соҳиб мешавад. Ба андешаи инҷониб, зарур аст, ки дар муқаррароти сархати 4, банди 3 стандарти мазкур дараҷаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар шакли таҳсилоти фосилавӣ соҳиб гардидан мумкин аст, мушаххас карда шавад. Чунки таҳсилоти олии касбӣ тибқи қисми 8, моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба дараҷаҳои таҳсилоти олии касбии «бакалавр», «мутахассис» ва «магистр» ҷудо мешавад. Дар шакли таҳсили фосилавӣ бошад, на тамоми дараҷаҳои таҳсилоти олии касбии номбурда, ки ҳоло ба чунин мазмун дар сархати 4, банди 3 стандарти мазкур ишора рафтааст, балки ба андешаи мо, танҳо дараҷаи таҳсилоти олии касбии «бакалавр» - ро соҳиб гардидан мумкин аст. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки дар сархати 4, банди 3 стандарти мазкур нахуст пас аз калимаи «тавассути» калимаи «истифодаи» илова карда шуда, ибораи «таҳсилоти олии касбиро» ба ибораи «дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбиро, ки бакалавр аст» иваз карда шавад.

4.Дар бандҳои 8, 9, 10, 11, 14, 16, 18, 21, 25, 26, 28, 29, 30, 31, 33, 34 ва 36 стандарти мазкур пешниҳод мешавад, ки калимаҳои «Зинаҳои», «зинаҳои» ва «зинаи» мутаносибан ба калимаҳои «Дараҷаҳои», «дараҷаҳои» ва «дараҷаи» иваз карда шавад.  Чунки дар бандҳои 8, 9, 10, 11, 14, 16, 18, 21, 25, 26, 28, 29, 31, 34 ва 36 стандарти мазкур калимаҳои «Зинаҳои», «зинаҳои» ва «зинаи» нисбати падидаҳои «бакалавр», «мутахассис» ва «магистр» корбурд гардидааст, ки онҳо мувофиқи сархати 8, моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» на зинаҳои таҳсилот, балки дараҷаҳои таҳсилот мебошанд. Воқеан, дар бандҳои зикршудаи стандарти мазкур сухан на оид ба зинаи таҳсилоти олии касбӣ, балки оид ба дараҷаҳои алоҳидаи таҳсилоти олии касбӣ аз қабили бакалавр, мутахассис ва магистр меравад. 

Чунонки қайд гардид, мафҳуми зинаи таҳсилот назар ба мафҳуми дараҷаи таҳсилот васеъ буда, аввалин фарогири охирин аст. Чунончи, мувофиқи сархати 11, моддаи 1  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зинаҳои таҳсилот дар баробари дигар зинаҳо, инчунин, аз зинаи таҳсилоти олии касбӣ иборат аст, ки он дар навбати хеш мувофиқи қисми 8, моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба дараҷаҳои таҳсилоти «бакалавр», «мутахассис»  ва «магистр» ҷудо мегардад. Аз ин рӯ, вақте ки сухан оид ба падидаҳои «бакалавр», «мутахассис»  ва «магистр» меравад, бояд на зинаҳои таҳсилот, балки маҳз дараҷаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар назар бошад.  Ба андешаи мо, маҳз бо ин назардошт, дар бандҳои 12, 14 ва 32 стандарти мазкур, ки сухан оид ба падидаҳои «бакалавр», «мутахассис» ва «магистр» меравад, на зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ, балки «дараҷаҳои таҳсилот» дар назар дошта шудааст, ки қобили қабул аст.

5.Дар бандҳои 17, 30 ва 32 стандарти мазкур пешниҳод карда мешавад, ки ибораи «аттестатсияи хатм» мутаносибан ба ибораи «аттестатсияи давлатии хатм» иваз карда шавад. Чунки аттестатсияи давлатии хатм тартиби махсус ва ниҳоии санҷиши донишу маҳорати ҳосилнамудаи хатмкунандагони зинаҳои таҳсилоти дахлдор аст, ки танҳо дар ҳолати мусбӣ супоридани он ба шахс аз номи давлат ҳуҷҷати намунаи муқарраршудаи давлатии таҳсилот (аттестат, диплом ва ғ.) дода мешавад. Албатта, дар сархати  4, моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қонунгузор зимни пешниҳоди мафҳуми расмии аттестатсияи хатм калимаи давлатиро муқаррар накардааст. Вале дар таҷрибаи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва гуфтугузори байни аҳолӣ аттестатсияи хатм имтиҳонҳои давлатӣ ном бурда шуда, дар ҳуҷҷатгузории расмии соҳаи маориф бошад, на аттестатсияи хатм, балки аттестатсияи давлатии хатм навишта мешавад. Зарур аст, ки ибораи «аттестатсияи хатм», ҳатто дар сархати 4, моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» низ ҳамчун қонуни асосии соҳаи маориф ба ибораи «аттестатсияи давлатии хатм» иваз карда шавад.

6.Дар банди 19 стандарти мазкур ибораи «барномаҳои таҳсилоти олии касбии амалкунанда» зикр гардидааст, ки ба назари инҷониб, дар он пас аз калимаи «барномаҳои» калимаи «таълимии» илова кардан мувофиқи мақсад аст. Чунки ҳар як зинаи таҳсилот, аз ҷумла, таҳсилоти олии касбӣ низ танҳо дар натиҷаи татбиқи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба даст оварда мешавад. Дар моддаи 1, Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” низ на мафҳуми расмии барномаҳои таҳсилот, балки барномаҳои таълимӣ муқаррар шудааст, ки онҳо(ҳар як барномаи таълимӣ) барои тамоми зинаҳои таҳсилот мутобиқи стандартҳои давлатии зинаҳои таҳсилоти дахлдор қабул карда мешаванд. Ба андешаи мо, маҳз бо ин назардошт дар бандҳои 8, 9, 12, 13, 16, 17, 18, 24, 28 ва 39 стандарти мазкур на ибораи «барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ», ки ҳоло дар банди 19 стандарти мазкур муқаррар гардидааст, балки «барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ» зикр гардидааст, ки қобили қабул аст.

7.Дар бандҳои 12, 17, 21 ва 22 стандарти мазкур пешниҳод мешавад, ки ибораҳои «ҳуҷҷати намунаи давлатӣ», «ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ» ва «Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ» мутаносибан ба ибораҳои «ҳуҷҷати намунаи муқарраршудаи давлатии таҳсилот», «ҳуҷҷатҳои намунаи муқарраршудаи давлатии таҳсилот» ва «Ҳуҷҷати намунаи муқарраршудаи давлатии таҳсилот» иваз карда шавад. Маълум аст, ки ба ҳар як шахси хатмкардаи  зинаҳои таҳсилоти дахлдор аз номи давлат ҳуҷҷати намунаи давлатӣ оид ба хатми зинаи таҳсилот дода мешавад, ки он аз номи давлат дар шакли муайян дар симои мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидааст. Ҳар як ҳуҷҷати намунаи давлатӣ оид ба хатми зинаи таҳсилот шакли ба худ хоси муқарраргардида дорад, ки бозгӯи талаботҳо ва хусусиятҳои ҳамон зинаи таҳсилот мебошад. Ғайр аз мақоми ваколатдори давлатии муайянкардаи қонун, дигар мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқи аз номи давлат муқаррар намудани шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилотро надорад. Азбаски ҳуҷҷатҳо дар соҳаи таҳсилот бо тартиби махсус ва шакли муайян маҳз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии махсус тасдиқ карда мешавад, аз ин рӯ, илова намудани калимаи «муқарраршуда» ниҳоят муҳим дониста мешавад. Нуқтаи дигар, ки муҳим дониста мешавад, пас аз калимаи «давлатӣ» илова намудани калимаи «таҳсилот» аст. Ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ вобаста ба соҳаҳои ҳаёти ҷомеа низ гуногун мебошанд, аз ин рӯ, ба кадом соҳаи ҳаёт мансуб будани ибораи «ҳуҷҷати намунаи давлатӣ» дар матни стандарти мазкур мушаххас бояд карда шавад. Ин мушаххасот танҳо пас аз илова намудани калимаи «таҳсилот» имкон дорад. Ба назари мо, маҳз бо ин мақсад моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот номгузорӣ гардида, дар матни он бошад, ибораҳои «ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот» муқаррар гардидааст.

8.Дар бандҳои 39, 40 ва 41 стандарти мазкур оид ба тартиби татбиқи шакли таҳсили фосилавӣ сухан меравад. Вале дар он таҳсили фосилавӣ на ҳамчун шакл, балки низом муқаррар шудааст, ки қобили қабул намебошад. Пешниҳод мешавад, ки дар бандҳои 39, 40 ва 41 стандарти мазкур калимаҳои «низоми» мутаносибан ба калимаҳои «шакли» иваз карда шаванд. Чунки калимаи «низом» назар ба калимаи «шакл» мазмуни васеъ дорад. Дар дохили низом бо назардошти соҳаи маориф, метавонад чандин шакл мавҷуд бошад, масалан, айни ҳол тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи маорифи кишварамон раванди таълим (фаъолияти таълимӣ) аз ҷумла, таҳсилоти олии касбӣ низ дар соҳаи маориф тавассути низоми кредитии таҳсилот амалӣ гардида истодааст. Таҳсилгирандагони зинаи таҳсилоти олии касбӣ дараҷаҳои ин зинаи таҳсилотро (бакалавр, мутахассис ва магистр) мувофиқи қисми 9, моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла, рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат соҳиб шуда метавонанд. Дар ҳамин асос сархати 29, моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 19 майи соли 2009, №531 низ бомаврид таҳсилоти фосилавиро яке аз шаклҳои ба даст овардани касб дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ номидааст. Шояд бо ин назардошт бошад, ки банди 11 стандарти мазкур тарзҳои ба даст овардани дараҷаи таҳсилоти бакалавриро на бо пайравӣ ба бандҳои 39, 40 ва 41 стандарти мазкур бо калимаи «низом», балки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»  бо калимаи «шакл» муқаррар кардааст, ки қобили қабул мебошад. 

Ҳамзамон, пешниҳод мешавад, ки дар банди 39 стандарти мазкур калимаи «шакли», ки нисбат ба аз худ намудани талаботи барномаҳои таълимӣ муқаррар гардидааст, ба калимаи «ҳаҷми» иваз карда шавад. Ба андешаи мо, вақте ки сухан оид ба аз худ намудани талаботи ҳуҷҷатҳо оид ба раванди таълим ҳамчун вазифаи  таҳсилгиранда барои соҳиб гардидан ба дараҷаҳои гуногуни таҳсилот меравад, на калимаи «шакл», балки калимаи «ҳаҷм»-ро муқаррар кардан мувофиқи мақсад мебошад. Талабот оид ба соҳиб гардидани дараҷаи таҳсилоти дахлдор на аз шакл, балки аз ҳаҷм иборат аст, ки дар ҳуҷҷатҳо оид ба дараҷаи таҳсилоти дахлдор муқаррар гардидаанд. Маълум аст, ки барои соҳиб гардидани дилхоҳ дараҷаи таҳсилот на шакли муайяни талабот, балки ҳаҷми муайяни талаботи ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дахлдорро аз худ намудан лозим аст.

9.Дар банди 44 стандарти мазкур ибораи «оинномаи намунавӣ» муқаррар гардидааст, ки қобили қабул намебошад. Ба андешаи мо, калимаи «намунавӣ» на хоси калимаи «оиннома» ҳамчун ҳуҷҷати таъсисии муассисаи таълимӣ, балки сирф хоси калимаи «низомнома» мебошад. Аз ин рӯ, дар баробари дигар соҳаҳо, инчунин, дар соҳаи маориф низ бо мақсади омода ва тасдиқ намудани ҳуҷҷати таъсисии муассисаҳои таълимӣ, ки оиннома мебошад, низомномаҳои намунавӣ оид ба зинаҳои дахлдори таҳсилот ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо ва барномавӣ қабул гардидааст. Қонунгузор низ дар моддаи 53, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум) аз 30 июни соли 1999, №802 вобаста ба ҳуҷҷати таъсисии шахсони ҳуқуқӣ на оинномаи намунавӣ, балки танҳо оиннома ва нисбат ба низомнома бошад, ибораи «низомномаи умумӣ» зикр кардааст, ки он ба ибораи «низомномаи намунавӣ» ҳаммаъно мебошад. Ҳамзамон, қонунгузор моддаи 14, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» - ро на оинномаи намунавии муассисаи таълимӣ, балки танҳо оинномаи муассисаи таълимӣ номгузорӣ намудааст, ки чунин ҳолат мазмуни ҳуҷҷати таъсисии муассисаи таълимӣ оиннома ба ҳисоб рафтан ва дар асоси низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти дахлдор омода ва тасдиқ намудани оинномаро дорад. Ҳамин тавр, калимаи «низомнома» назар ба калимаи «оиннома» мафҳуми васеъ мебошад ва охирин дар асоси аввалин омода ва тасдиқ карда мешавад. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки дар банди 44, стандарти мазкур ба ивази ибораи «оинномаи намунавӣ», ибораи «низомномаи намунавӣ» ва «оиннома» зикр карда шавад.

10.Дар бандҳои 52 ва 53 стандарти мазкур назорати давлатии риояи талаботи стандарти мазкур ба зиммаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста гардидааст. Ба андешаи мо, дар заминаи муқаррароти бандҳои 52 ва 53 стандарти мазкур яке аз мақоми давлатии назоратӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути он назорати давлатии соҳаи маориф ва илмро то моҳи январи соли 2020 амалӣ мекард, Хадамоти давлатии  назорат дар соҳаи маориф буд. Сарчашмаҳои расмӣ низ шаҳодат медиҳанд, ки дар замони қабули стандарти мазкур (соли 2017) Хадамоти давлатии  назорат дар соҳаи маориф дар нақшаи идоракунии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва назорати давлатиро дар соҳаи маориф ва илм ба зимма дошт. 27 январи соли 2020 Хадамоти давлатии  назорат дар соҳаи маориф бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Аз ин пас, мақоми давлатии назоратӣ дар соҳаи маориф ва илм на танҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки агентии номбурда низ ҳамчун ниҳоди мустақили давлатии назоратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм баромад менамояд. Азбаски дар сохтори марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, пешниҳод мешавад, ки дар бандҳои 52 ва 53 стандарти мазкур қабл аз ибораи «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибораи «Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» илова карда шавад. Ҳамзамон, зарур аст, ки дар моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ном дорад ва дар Замимаи 3 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 тасдиқ шудааст, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатии назоратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм дар назар дошта шавад.

Хулоса, таҳқиқоти мазкур барои боз ҳам тасаввуроти дуруст ва ягонаи ҳуқуқӣ ҳосил намудани иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ нисбат ба мазмун ва моҳияти қонунгузории соҳаи маориф, барои аз байн бардоштани баъзе мухолифат, номутобиқатӣ ва холигӣ дар стандарти мазкур, инчунин, барои мукаммал гардидани муқаррароти стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз санадҳои меъёрии зерқонунии муҳим ҳамчун санади заминавӣ ва барномавӣ барои ихтисосҳои амалкунандаи зинаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад, мусоидат хоҳад кард.

 

Сиёвуш Абдураҳимов,

мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, номзади

илми ҳуқуқшиносӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш