Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи маркази гармидиҳӣ дар донишгоҳ

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 109        Шарҳ: 0

 

Дар назди бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маркази нави  гармидиҳии «Enka»   бо иқтидори 300 KCAL  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он раиси шаҳри Кӯлоб  Бахтиёр  Назарзода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдусалом Мирализода, роҳбарону мудирони макотиби олию миёнаи шаҳр, олимону омӯзгорон, инчунин, донишҷӯён ширкат доштанд. Раиси шаҳр зикр кард, ки истифодаи чунин як маркази гармидиҳӣ, ки бо маблағҳои худӣ барои беҳтар гардидани шароити зиндагии донишҷӯён аз аҳамият холӣ набуда, пеш аз ҳама, баҳри тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, ободкориву бунёдкорӣ, эҳтиром гузоштан ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, пазируфтани хислатҳои неки инсонӣ нақши муассир дорад.

Ректори донишгоҳ Абдусалом Мирализода  гуфт, ки то истифода дода шудани ин маркази ягона бинои 4 ошёнаи хобгоҳи духтаронаи донишгоҳ, ки аз 100 ҳуҷра иборат буда, дар он 400 нафар духтар  зиндагӣ мекарданд, дар фасли сармо бо печҳои барқӣ гарм карда мешуданд. Акнун бо ба истифода дода шудани маркази гармидиҳӣ шароити зисти донишҷӯён дар хобгоҳ беҳтар гардид. Дар ояндаи наздик ният дорем, ки ду бинои таълимии донишгоҳро ба системаи гармидиҳии ягона пайваст намоем, - афзуд А. Мирализода. Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони донишгоҳ, ки дар бунёди маркази гармидиҳӣ саҳми арзанда доранд, бо туҳфаҳои хотиравии ректори донишгоҳ сазовор гардиданд. 

А. Шариф,

«Омӯзгор»       


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш