Бо ташаббуси Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ду китоб бо номҳои «Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон» ва «Панди ниёгон ва шеъру ҳикмати бузургон» нашр гардид. Китоби «Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон» ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва истиқболи 105-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ таҳия шуда, аз 192 саҳифа иборат аст.
Он дар заминаи маводи қомусҳо, донишномаҳо, дастуру ёдномаҳои таълимӣ, мақолаҳои дар рӯзномаву маҷаллаҳо батабърасида, хабару гузоришоти дар сомонаҳои расмӣ интишоргардида ва маъхазҳои гуногун рӯйи коғаз омада, дар поёни ҳар як моддаи энсиклопедӣ маъхази маълумот навишта шудааст.
Дар китоби «Панди ниёгон ва шеъру ҳикмати бузургон» бошад, баробари ашъори дилнишин, ҳуруфи ҳакимона, панди рӯзгор, инчунин, гуфтори ибратомӯзи Пешвои миллат доир ба китобу китобхонӣ ҷо дода шудааст. Ин китоб аз пешгуфтор бо номи «Панд – чароғи ақлу хирад» шурӯъ шуда, аз бахшҳои «Адаб ва мақоми он», «Ситоиш ва гиромидошти модар», «Ситоиш ва гиромидошти падар», бобҳои «Ҳурмату эҳтиром», «Ақлу дониш ва ҳунар», «Дӯстиву рафоқат», «Сухан ва қадри он», «Некӣ ва накукорӣ», «Ростӣ ва покии андеша» ва ғайра иборат аст.
Дар бахшҳои «Ситоиш ва гиромидошти модар» ва «Ситоиш ва гиромидошти падар» ашъори шоирон Эраҷ Мирзо, Маликушшуаро Баҳор, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Қутбӣ Киром, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Убайд Раҷаб, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Гулрухсор, Мавҷуда Ҳакимова, Низом Қосим, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Ҳақназар Ғойиб, Ширин Бунёд, Муҳаммад Ғойиб, Назри Яздонӣ, Зулфия Атоӣ, Фарзона ва дигарон намуна оварда шудаанд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр