Нашрияи Омӯзгор

Замин – гаҳвораи табиат

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 126        Шарҳ: 0

 

Табиат  хонаи инсон, манбаи зиндагӣ ва  фаъолияти ӯст. Инсоният дар табиат бахту саодати худро меҷӯяд ва пайдо мекунад.  Мо ҳар қадар ки ба табиат дилбастагӣ дошта бошем, онро ҳифз ва  захираҳояшро афзун  гардонем, саховати он нисбат ба мо хеле зиёд мегардад ва агар онро мо беист харобу вайрон созем, аз табиат ҷазо мебинем.

Ин нуқтаро бояд ёдрас намоем, ки тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, солимгардонии  муҳити зист вазифаи умумидавлатист, кори тамоми мардум ва  қарзи маънавии хар фард мебошад.”  Аз ин лиҳоз, муҳофизат ва самараноку оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ яке аз муҳимтарин  масоили доғи рӯз буда, на танҳо  дар ҷумҳурӣ, балки дар сатхи байналхалқӣ ҳамчун проблемаи глобалии сайёра ба ҳисоб меравад. Санадҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар натиҷаи риоя накардани меъёрҳои табиат ва бераҳмона истифода бурдани сарватҳои табиӣ чи фоҷиаҳо  дунболагири инсоният гашта, зиёни моливу моддӣ ба бор овардааст.Таърихи инсоният шоҳиди он  аст, ки одамизод навъҳои энергияи дар ихтиёраш бударо на ҳама вақт дуруст истифода мебурд. Вай ҷангҳои харобиовар мебурд, ба табиат муносибати нодуруст ва ҳатто ҷинояткорона дошт. Одам бисёр қонуниятҳои табиатро надониста, онҳоро халалдор мекунад, ҳатто оқибатҳои ҳалокатовари “ғалаба”-и худро дар табиат тасаввур намекунад.

Дар натиҷаи муносибатҳои бераҳмона ба замин бисёр давлатҳои дунёи қадим иқтидори худро гум карданд ва баъзеашон тамоман нест шуданд. Камқувватии  замин мамлакатро ба биёбон табдил медиҳад. Несту нобуд кардани бешазор сабаби хушкидан, эрозия ва ба гарду чанг мубаддал шудани хок мегардад. Бешазор пеши шамолро  мегирад ва обро  бухор карда, иқлимро  нарм мегардонад. Дар баробар ин, бешазор ба об шудани барфҳо як қадар монеъ мешавад: оби барф заминҳоро нам ва оби зеризаминиро меафзояд. Дар натиҷа,   сатҳи оби дарёҳо ҳамеша як хел мемонад, баҳорон обхезӣ намешавад. Ҳар сол бо сабабҳои офатҳои табиӣ (сӯхтор) дар тӯли зиёда аз 30 сол замин қариб аз нисфи бешазорҳояш маҳрум гашта, обхезӣ, омадани сел, эрозия, обшӯӣ ва хушк шудани хок, тағйир  ёфтани иқлим қариб дар ҳамаи мамлакатҳо ба назар мерасад.

Имрӯз замоне фаро расидааст, ки муносибати инсон ба табиат фақат маънои истеъмолӣ дорад. Ҳифзи қаъри Замин, пеш аз ҳама,  ба кам кардани истифодаи ғайриоқилонаи сарватҳои органикӣ ва маъданӣ вобаста аст. Фаъолияти инсон - чарондани чорво, бунёди биноҳо ва роҳҳо, гузаронидани хатти барқ бисёр вақт ба тағйирёбии бебозгашти ҷамоаи табии наботот оварда мерасонад. Инсоният бояд гуногунии наботот ва ҳайвонотро дар сайёра нигоҳ дорад.

Мо як қисми таркибии табиат ҳастем ва аз он ба пуррагӣ вобастагӣ  дорем. Аз ин рӯ, вазифадорем, ки тамоми фаъолияти худамонро на бар зарари табиат, балки барои бартараф кардани тамоми зарару зиёнҳои табиат равона кунем, зеро “табиат, хонаи мо – Сайёраи Замин”  мебошад.

Гавҳар Ҳомидова,

омӯзгори МТМУ №73,

ноҳияи Рӯдакӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш