Дар шаҳри Кӯлоб 16 сол боз коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатӣ амал мекунад. Коллеҷи мазкур бо ташаббус ва заҳматҳои Теша Носиров дар ҳамкорӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Таълиму тарбия дар коллеҷ дар шакли рӯзона ва ғоибона ба роҳ монда шудааст.
Коллеҷи мазкур мутобиқи меъёрҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 4 ихтисоси иқтисодиёт - васл ва истифодаи таҷҳизоти барқӣ, муҳосибӣ, таҳлил ва назорат, сохтмон ва истифодабарии биноҳо ва иншоот мутахассисонро тайёр мекунад. Таҳсили донишҷӯён дар коллеҷ аз рӯи шартнома ва бо маблағгузории падару модарон ба роҳ монда шудааст. Тавре директори коллеҷ Т. Носиров иброз намуд:
- Солҳои аввали таъсиси коллеҷ барои аҳли омӯзгорону донишҷӯён мушкилоти зиёде пеш омад. Аз ҷумла, нарасидани синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва воситаҳои аёнӣ ва техникӣ ба фаъолияти мунтазами раванди таълиму тарбия халал мерасонад. Боиси хушнудист, ки бо иқдоми омӯзгорону шахсони саховатпешаи шаҳр, дар ҳамкорӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб дар муҳлати кӯтоҳ проблемаҳои ҷойдошта бартараф гардида, раванди таълиму тарбия дар коллеҷ ду баст ба роҳ монда шуд». Дар коллеҷ бо мақсади мунтазам ташкил намудани ҷараёни таълиму тарбия кабинети компютерӣ (бо 35 адад компютер), 4 кабинети таълимӣ, кабинети физика, кабинети фанни иқтисодӣ, 2 тахтаи электронӣ ва китобхона бо толори хониш таъмиру таҷдид карда шуд. Дар соли хониши 2021-2022 155 нафар донишҷӯ ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи коллеҷ қабул шудаанд. Дар муассисаи таълимӣ оид ба масъалаи нарасидани кадрҳо мушкилие ҷой надорад, омӯзгорон ба тариқи озмун қабул мешаванд, ки дорои маълумоти олии омӯзгорианд. Дар соли сипаригардида коллеҷро 66 нафар толибилм хатм намуда, тибқи роҳхати коллеҷ барои кор ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фиристода шудаанд. Дар соли нави таҳсил имтиҳони дохилшавиро 25 нафар довталаб тариқи ММТ ва 170 нафар тариқи анъанавӣ супорида, соҳиби номи донишҷӯ шуданд. Маблағи шартномаи таҳсил дар шуъбаи ғоибона барои як нафар донишҷӯ 1700 сомонӣ мебошад. Маъмурияти коллеҷ барои баланд бардоштани савияи дониши амалии донишҷӯён, бо дарназардошти ихтисос бо шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб, шуъбаи молияи шаҳр, ҳифзи иҷтимоӣ ва раёсати андози минтақа шартномаи ҳамкорӣ дорад. Аз ин лиҳоз, пас аз хатми коллеҷ хатмкунандагон бо роҳхат барои кору фаъолият ба муассисаҳои мазкур фиристода мешаванд. Донишҷӯёни эҳтиёҷманд бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Айни замон ду хобгоҳ барои қабули писарон ва духтарон омода ҳастанд. Бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ барои омӯзгороне, ки ба хона эҳтиёҷ доранд дар назди коллеҷ бинои дуошёнаи истиқоматӣ сохта шудааст. Дар соли таҳсили 2021-2022 ба литсей 155 нафар донишҷӯ дохил шуданд, ки 62%-и нақшаи қабулро ташкил мекунад.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр