Нашрияи Омӯзгор

Ҳифзи ҳар хонаи обод зарур аст, зарур!

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 106        Шарҳ: 0

 

Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон мебошад.

Беҳуда нест, ки шоири ватандӯст, шодравон Муҳаммадҷон Раҳимӣ ҷавононро ба ҳифзи ватан даъват намуда, мегӯяд:

Ҳифзи ин давлати озод зарур аст, зарур!

Ҳифзи ҳар миллату авлод зарур аст, зарур!

Ҳифзи ин мамлакати шод зарур аст, зарур!

Ҳифзи ҳар хонаи обод зарур аст, зарур!

Шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ меҳру муҳаббати худро ба ватан чунин баён кардааст:

Ҳар кас ба ватан чун гули садбарг бувад,

Дар беватанӣ рангу рухаш зард бувад.

 Шоири тозабаён Қутбӣ Киром бошад дур аз Ватан будани шахсро марг ҳисобида, чунин нигоштааст:

Дур аз Ватан зинда бимонам, мурдам,

Дар ҳифзи Ватан агар мурам, зинда шавам.

Устод Мирзо Турсунзода дар масъалаи содиқона дӯст доштани Ватан аз ҷавонон даъват ба амал оварда мегӯяд:

Эй Ватан, ба ту мо вафо кунем,

Хизмати туро адо кунем.

Гар талаб кунӣ , ҷон фидо кунем,

Аз хатар туро мо раҳо кунем.

Ба ҳамин мазмун Абулқосим Лоҳутӣ гуфтааст:

Дар роҳи Ватан мурдан зиндагист,

Мурдан зиндагонӣ дар бандагист.

Ё ин ки:

Мафурӯш обрӯи Ватан зи тарсу ҷон,

Номи абад ба ҳиммати мардӣ харид кун.

 Шоири ватансаро ҳар як фардро баҳри ҳифзи Ватан, ватандӯстию ватанпарастӣ, садоқату вафодорӣ ва азизу муқаддас донистани ҳар як ваҷаби хоки марзу буми аҷдодӣ ва ҳар қатраи оби Ватан даъват намудааст. Лоиқ Шералии соҳибсухан ибтидою моҳияти ватанро дар дӯст доштани зодгоҳ медонад:

Ибтидои ман деҳаи хурди Мазор,

Интиҳои ман ҷаҳони беканор...

Ҳар як фарди боору номус ва вафодору солимфикру солимандеша баҳри ҳифзи «Модар – Ватан»-и худ бояд кӯшишу ғайрат карда, дар ваҳдату амнияту осоиштагии кишвар бояд саҳми арзандаи худро гузорад.

 

Шерзод КОМИЛӢ,

омӯзгори  мактаби  №24

ба номи  Чӯлибой Комилов,

шаҳри  Истаравшан

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш