Нашрияи Омӯзгор

Гуфтугӯ бо виҷдон

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 207        Шарҳ: 0

 

Вақти хӯроки шом. Ҳама сарбозони қисми ҳарбӣ саф кашида, ба ошхона омаданд. Овози радио ба гӯш мерасид. Пас аз лаҳзаи мусиқӣ ровӣ  порчае аз шеъри пурмазмуни Ғаффор Мирзо қироат кард:

Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?

Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?

Дар баду неки ӯ шарик ман нашавам, кӣ мешавад?

Ҳифзу вафои ӯ шиор ман накунам, кӣ мекунад?  

Шаб. Вақти хоб сарбозе (шояд ҳамаи сарбозон) пас аз шунидани ин порчаи шеърӣ ба фикр фурӯ рафт. Дар ҳоле ки дар кати худ дароз кашида буд, бо виҷдонаш ба гуфтугӯ оғоз намуд:

-Манам сарбози Ватан! Ватан-модар, хоҳар, додар, хешу табор ва миллати фарҳангсолорам медонанд, ки агар ягон душман ба кишвари азизам ҳамла кунад ё ворид шавад, маро дар сангар доранд. Онҳо медонанд, ки ман танҳояшон намегузорам ва аз онҳо дифоъ мекунам. Бовар доранд, ки то қатраи охирини хунам бо душман меҷангам ва Ватанамро аз ҳама гуна хавф наҷот медиҳам. Пас чаро тарки масъулият кунам? Чаро саркашӣ аз фармонҳои фармондеҳон кунам? Не, ҳаргиз чунин нахоҳам кард! Ҳамеша барои номуси худ ва ҳамватанонам содиқонаву софдилона хизмат мекунам! Шаъну шараф ва эътибори кишвари худро пос медорам ва ба  он ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунам! Агар хиёнат кунам, ба кӣ хиёнат мекунам? Албатта, ба худ! Ба модар, падар, хоҳар, зан ва духтари худ. На, ҳаргиз! Ҳаргиз чунин нахоҳам кард! Зеро ман фарзанди диловароне чун Шерак, Спитамен, Темурмалику садҳо фидоии Ватан ҳастам ва хунашон дар рагҳои ман ҷорист. Онҳо ҷони худро баҳри дифоъ аз Ватан фидо карданд. Ман низ омодаам, ки ҷони худро баҳри озодии худ ва насли ҳозираву ояндаи миллат фидо кунам.

Виҷдон:

- Эй сарбоз! Ҳоло вақти он расидааст, ки аз ҳарвақта дида  бештар баҳри озодӣ ва сулҳу суботе, ки Ватани маҳбубамон дорад, ҷаҳд бикунӣ! Фикру андеша ва қувваи ҷисмонии худро баҳри дифоъ аз Ватан сарф намоӣ! Зеро ту дар назди Ватану миллат савганди садоқат ёд кардаӣ:

«Ман … ба  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, барои садоқат ба халқи худ, Сарвари ҷумҳурӣ савганд ёд мекунам ва ботантана қасам мехӯрам:

Қонуни асосӣ ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъӣ риоя намоям, оинномаҳои ҳарбӣ, амрҳои фармондеҳону сардоронро бечуну чаро иҷро мекунам; сарбози бошараф, боинтизом, далер ва ҳушёр бошам; қасам мехӯрам, ки то охирин нафас ба халқи худ содиқ бошам, неру ва ҳаёти худро дареғ надошта, ватанро мардонавор ва моҳирона мудофиа мекунам, ҳама душвориву маҳрумиятҳои хизмати ҳарбиро суботкорона паси сар менамоям, сирри давлатӣ ва ҳарбиро қатъиян пинҳон медорам. Агар ман ин қасами тантанавори худро шиканам, бигузор ба ҷазои сахти қонун ва нафрати халқ гирифтор шавам.»

Ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиатҳои он танҳо аз рӯи қасами хӯрдаат нест, балки амри ман - виҷдонат аст! Агар ба Ватани худ содиқона хизмат накунӣ, бо ман чӣ гуна рӯ ба рӯ мешавӣ? Дар ҳоле, ки ҳар сонияву ҳар лаҳза бо ту рӯ ба рӯям.

Сарбоз:

- Эй, виҷдон! Ташаккур, ки ту дар танҳоӣ маро ҳамдами хайр ҳастӣ ва ҳамеша маро ба роҳи наку ҳидоят месозӣ. Ман ҳеҷ гоҳ суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ёд набурдаам, ки гуфта буданд: «Мо ба ҷавонони баору номуси Ватан бовар дорем…» Мекӯшам,  ки ҳамеша сазовори боварии Сарвари давлат ва халқи азизам бошам  ва ба Ватани маҳбубам содиқона хизмат кунам! Зеро:

Хоки Ватанам сурмаи чашмони ман аст,

Рӯйи Ватан оинаи рахшони ман аст.

Нури Ватан офтоби тобони ман аст,

Меҳри Ватанам дар дили ҷӯшони ман аст.

 

Нилуфар Тиллоева,

омӯзгори забон ва адабиёти  тоҷики МТМУ-и №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш