Дар нишасти матбуотии ноҳияи Темурмалик раиси ноҳия Аслзода Эмомиддин дар бораи вазъи фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия чунин иброз дошт:
- Дар соли хониши 2017-2018 барои рушди соҳаи маорифи ноҳия аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 9 миллиону 371 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии ноҳия беҳ гардида, дар озмунҳои фаннии вилоятӣ хонандагон фаъолона иштирок намуда, соҳиби 26 ҷойи ифтихорӣ (медали тилло, 10 нуқра ва 11 биринҷӣ) гардиданд. Барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия 152 ҳазору 700 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Айни ҳол аз 510 адад синфхонаи таълимӣ 235 - тояш аз таъмир бароварда шуда, дар дигар муассисаҳои таълимӣ таъмиру тармим идома дорад.
Ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи он дар 37 муассисаи таълимӣ азнавсозӣ ва таъмири пурраи иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2018 сохтмони бинои нави муассисаҳои таълимии №1 барои 640 ҷойи нишаст аз хисоби Бонки Исломии Рушд, муассисаи таълимии №4 барои 640 ҷойи нишаст аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд ва муассисаҳои таълимии № 23,25,34 ва 36 аз ҳисоби Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 240 нафар хонанда оғоз гардиданд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр