Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ чорабинии маърифатӣ ҷиҳати амалисозии тадбирҳо оид ба иҷрои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025” доир гардид. Дар чорабинӣ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, Дилафрӯз Саидӣ, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 Сулҳиддин Ғоибзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Мирзоҷон Мирзобоев, ходими дин, имомхатиби масҷиди ҷомеи “Ихлос” Абдулҳафиз Аҳадов иштирок доштанд.
Сулҳиддин Ғоибзода аҳамияти қабули “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025” – ро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонида таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ва ташвишовари глобалӣ дар ҷаҳони муосир ин паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовар ва хатарзои терроризм ва экстремизм мебошад. Ташкилотҳои экстремистӣ барои вайрон намудани ақидаи мардум шаҳрвандони зудбовари дунёро бо фиреби худ бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлат ва ҳукумат бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Бо чунин восита дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан истифода мебаранд. Аз маълумотҳо бармеояд, ки дар ҳамаи минтақаҳо теъдоди зиёди қурбоншудагони терроризм ва экстремизмро ҷавонон ташкил мекунанд. Бинобар ин, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, худро аз ин фиребгарон дифоъ намуда тавонанд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
Абдусабури АБДУЛВАҲҲОБ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр