Нашрияи Омӯзгор

Терроризм - падидаи номатлуб

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 130        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир яке аз мушкилоте, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст,  ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, терроризм, экстремизм  ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан, аксаран созмонҳои динии экстремистӣ ба фаҳмиши динию ҷаҳонбинии одамон таъсир расонида, онҳоро ба доми худ мекашанд. Ҳол он  ки таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, афсонаҳои баъзе диндорони камсаводу ҷаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолатро мавриди мазаммат қарор додааст.

Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти  аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам таъсир расонида, амнияти давлатҳои хурду бузурги оламро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ намудааст.  Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм  чун вабои аср хатари глобалӣ буда, террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон,  таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва  ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Саркардагони неруҳои тахрибкор, махсусан, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ба ҷараёнҳои террористӣ ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.

Ба қадри неъматҳои даврони истиқлолият  ва муқаддастарин  арзишҳои давлату давлатдорӣ бояд расид, чунки ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои ҳар як фарди ҷавон  ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ   мебошад.

 

Шарифхон Абдулманон Раҷабзода,

директори китобхонаи

илмии  Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ
дар шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш