Нашрияи Омӯзгор

Муборизаи дастҷамъона мебояд

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 118        Шарҳ: 0

 

 

Терроризм ва экстремизм аз зумраи хатарҳое ҳастанд, ки мазмуну муҳтавои байналмилалӣ доранд ва ба кишварҳои пешрафтаи дунё таҳдид мекунанд.

Муҳаққиқони мавзуи мазкур се омили асосии ҷалби ҷавононро ба ин гурӯҳҳо баён кардаанд: равонӣ, идеологӣ ва стратегӣ. Ба ақидаи мо, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро мепайванданд, заъфи равонӣ доранд. Омили дуюм ва хеле муассир омили идеологист, ки ҳадафҳои сиёсии гурӯҳҳои муайянро мушаххас мекунад. Агар барои гурӯҳе фалсафаи сиёсӣ аҳамият пайдо кунад, барои гурӯҳи дуюм – таълимоти динист. Аммо ин на таълимоти асили динӣ, балки шакли таҳрифшудаи он аст, ки мояи онро ҳақ будани зӯроварӣ ва куштор ташкил медиҳад. Ниҳоят, омили сеюм – омили стратегӣ ба шумор меравад, ки маҷмуи ҳама гуна омилҳои дигар буда, воситаҳои мусолиҳатомези ба даст овардани ҳадафҳои сиёсиро умуман қабул надорад.

Ба андешаи инҷониб, аз ин омилҳо барои воқеияти Тоҷикистон омили равонӣ асосӣ ба шумор меравад, зеро аксари ҷавононе, ки гумроҳ шудаанд, гумкардагони мазмуну моҳияти ҳаёт ё ба қавли дигар, орӣ аз фазлу ҳунару донишанд. Барои онҳо дин танҳо ҳамчун ниқоби мафкуравӣ хизмат мекунад. Мубаллиғон, махсусан, тавассути воситаҳои электронии ахбор, сомонаҳои мухталифи иғвобарангез чунон ҷавононро мағзшӯӣ мекунанд, ки дар андак муддат онҳо асири ақидаи ғалат шуда, онҳоеро, ки муқобили афкорашон қарор доранд, дарҳол ба куфр муттаҳам месозанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт чораҳои заруриро андешида истодааст.

Мақомоти қонунгузори мамлакат тибқи Конститутсия, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта муваззаф гардонидааст.

Ҳамин тавр, мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки фарҳанги динию миллиамонро баланд бардорем. Ба ҷомеа, алалхусус, ҷавонон, фаҳмонда тавонем, ки бо тақлидҳои кӯркӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.

Дар кори пешгирӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз амалҳои номатлуб баробари мактабу маориф, нақши оила, ВАО ва ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятию давлатӣ дар таълиму тарбияи насли наврас бағоят бузург аст. Ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва интернет самаранок истифода бурдан тақозои давру замон аст. Зиёд кардани пахши барномаҳои махсуси тарбиявӣ-идеологӣ ва шарҳи масоили мубрами вазъияти минтақа ва ҷаҳон дар шабакаҳои телевизиону радио ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ намуда, дарки дурусти хатарҳоро осон мегардонад.

Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба пешгирӣ намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд:

– ташаккули механизмҳои таҳлили ифротгароии ҷавонон, коркард намудани усулҳо барои нест кардани он ва дар ҷойи он ташкил намудани соҳаҳои иҷтимоии созанда;

– ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди иҷтимоикунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ -фарҳангии ҷомеа;

– баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

– ба ҷойи кор ва музди хуб таъмин кардани ҷавонон;

– баланд бардоштани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон;

– таъсис додани марказҳои ёрии равоншиносӣ ба ҷавононе, ки ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд;

– ҳамкории мунтазами волидайн бо муассисаҳои таълимие, ки фарзандони онҳо таълим мегиранд;

– баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Барои ҳалли ин масъала равона кардани неру ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ бо мақомоти ғайридавлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғибу таблиғ намудан лозим аст.

Исроил ФАЙЗОВ,

коршиноси МТС-и назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш