Нашрияи Омӯзгор

Илмҳомбахши аҳли илму маориф

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 141        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамеша ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Роҳбари давлат бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳои соҳа ва шароиту имкониятҳои бавуҷудомада изҳор доштанд, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби Президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар умум, ҳоло шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст”.

Қайд гардид, ки дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 адад расонида шуд. Соли ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард.

Пешвои миллат афзуданд, ки “Дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад. Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд”. Агар мо дар ин давра ба чунин натиҷа ноил гардида тавонем, бовар аст, ки сатҳи зиндагии мардум боз ҳам беҳтар мешавад, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст таълимгоҳҳо аз байн хоҳад рафт.

Лайло ГАПАРОВА,

омӯзгори муассисаи

таълимии №5,

 ноҳияи Кӯшониён


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш