Нашрияи Омӯзгор

Роҳнамои имрӯзу фардо 

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 110        Шарҳ: 0

    

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳайати кормандони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб шунида, рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. Зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Воқеан, дар Паёмҳои Пешвои миллат барои некуаҳволии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи маънавиёти аҳолӣ андешаҳои муҳими баён карда мешаванд. Дар яке аз Паёмҳои қаблӣ аз тарафи Сарвари давлат пешниҳод гардида буд, ки сокинони кишвар - калонсолону хонандагон дар як сол на камтар аз панҷ китоби бадеӣ хонда, асарҳои манзуми адибони гузаштаву муосирро ҳифз намоянд. Яке аз иқдомҳои беназири Пешвои миллат боз он буд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намуданд. Ин иқдомҳои наҷиб  мо, китобдоронро  водор намуд, ки корро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монем.  

Ҳамзамон, дар Паёми навбатӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги соҳаи саноатро дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, раванди саноатикунонии босуръати кишвар зикр карда, пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад...

Мо, кормандони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ гардонда, мекӯшем дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми босазои хешро бигузорем.

Саодат Абдулҳакимзода,

корманди Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш