Нашрияи Омӯзгор

Фурӯғафзои роҳи миллат

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 108        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар Паёми имсолаи худ паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, сатҳи тараққиёту инкишофи хоҷагии халқи ҷумҳуриро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Нуктаи муҳими Паём аз он иборат буд, ки таҳкими заминаҳои рушди босуботу дарозмуддати стратегияву барномаҳои давлатӣ,  баланд бардоштани истифодаи доираҳои миллӣ, махсусан, неруи инсон дар баробари таҳлили амиқ роҳи минбаъдаи инкишофу тараққии ҳамаҷонибаи ҷомеаи Тоҷикистон муайян ва мушаххаас нишон дода шуд. Мо, аҳли маорифи ҷумҳуриро бештар масоили ҳалталаби марбут ба соҳаи маориф ва рушду нумуи он ба худ ҷалб месозад.

Роҳбари кишвар оид ба нақши омӯзгор дар  таълиму тарбияи хонандагон, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълимӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, чоннок намудани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ суханронӣ карданд. Инчунин,  дар Паём зикр гардид, ки «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияи иттилоотӣ ва азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

Яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат дар Паёмҳои ҳарсолаашон  ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хоса забони русӣ аз он иборат аст, ки ҷумҳуриамон айни замон бо беш аз 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

Бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ дар шароити кунунии мо аз 1 – уми июли соли ҷорӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд кардани маоши омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ғамхории хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҳаққи омӯзгорон ба ҳисоб меравад, ки ба аҳли маорифи ҷумҳурӣ рӯҳу илҳом ва тавони тоза дар ҷодаи баланд бардоштани сатҳи сифати тарбия мебошад. Вақте омӯзгор таваҷҷуҳи  нисбат ба касбашро аз тарафи  роҳбарияти олии мамлакат  ва  натиҷаи заҳмати худро мебинад, ӯ худ аз худ барои баланд гардондани сатҳу сифати таълим ҳатман ҷидду ҷаҳд  менамояд. Аз ин рӯ, чунин иқдом басо муфид ва саривақтӣ буда, ба  масъулият ва вазифашиносии омӯзгорон мусоидат  менамояд.           

Малика САДРИДДИНОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти руси

МТМУ №3, шаҳри Ваҳдат

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш