Нашрияи Омӯзгор

Мавқеи бонувон дар ҷомеа

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 113        Шарҳ: 0

 

Сарвари миллат дар Паёми навбатии хеш ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, зикр намуданд, ки нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад...

Дар ҳақиқат, имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занон фаъолият надошта бошанд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ-маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар 95 ҳазор нафар кор мекарданд, ки 52 дар сади онро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 дар сад расидааст. Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар корманд 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буда, соли 2020 аз  теъдоди умумии кормандони соҳаи тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 дар сади онро занон ташкил медоданд.

Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама ғамхориҳо, аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мавқеи зан ва эҳтиром нисбат ба ҷинси латиф дар баъзе оилаҳо нигаронкунанда аст. Барои тағйири ин вазъ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (аз 19-уми марти соли 2013, №954) амал мекунад. Дар сарзаминамон ташкилотҳои гуногун, аз ҷумла, МЗЗ “Маркази дастгирии Ғарм”, “Раҳнамо”, “Хингоб”, “Дармонбахш”, “Маърифат”, “Наҷоти кӯдакон”, “Оксана”, “Кӯҳсор”, “Занони Шарқ”, “Занҳо-зидди зӯроварӣ”, “Умед”, “Маркази дастгирии Ворух”, “Занон-барои адолат”, “Сарпараст” ва “Гулрухсор” ба занону бонувоне, ки дучори хушунати хонаводагӣ шудаанд, ёрию дастгирии равонӣ мерасонанд.

Ҳамзамон, ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии супориш дода шудааст, ки лоиҳаи Қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи “Стратегияи миллии  фаъолгардонии нақши занон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” таҳия  ва пешниҳод кунад.  

Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти пурсамари занону бонувон имконияти васеъ фароҳам оварда шудаанд. Яке аз онҳо додани грантҳои гуногун ба занони ҳунарманд мебошад. Эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (солҳои 2018, 2019-2021) низ барои занони хонашин имкониятҳои хубе фароҳам овард...

Президенти кишвар, ҳамчунин, таъкид карданд, ки аз ҳисоби бонувони фаъол кадрҳои роҳбарикунанда тайёр карда шавад ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат дар муҳлати се моҳ “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардад.

 

Мунзифа Пӯлотова,

раиси занон ва духтарони

факултети сиёсатшиносӣ ва МБ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш