Нашрияи Омӯзгор

Неруи тавонои ҳидоятгар

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 119        Шарҳ: 0

 

Паёми Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро бо эътимоди комил метавон “Паёми рушд” унвон кард.

Ин Паём, воқеан ҳам, фарогири тамоми масоили рӯзмарраи ҷомеаи кишвар буд, доираи васеи масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирифт.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунандаи самтҳои фаъолияти ҳамагон буда, ифодаи равшани рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат мебошад ва дарбаргирандаи барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад.

Паём сухани самимии Президенти кишвар ба ҳар ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад. Дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, ки тавассути ироаи Паём ба тамоми мардуми Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани армонҳои таърихии миллати тоҷик аст.

Паёми навбатӣ чун дигар Паёмҳои Сарвари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буд.

Чун ҳамеша тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакат барои давраҳои оянда дар Паём муайян гардида, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар Паём таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба он равона шуд, рӯ овардани ҷавонон ба илм ва фановарӣ буд. Аз ҳар як нафар даъват шуд, ки тафаккури таҳлилии хешро тақвият бахшида, дар баробари ин зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.

Пешвои миллат ба аҳли кишвар оид ба муҳимтарин дастовардҳои мамлакат дар соли ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ маълумоти саҳеҳ ироа карданд.

Он андешаҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи кишвар иброз дошта шуданд ва он вазифаҳое, ки барои масъулини тамоми соҳаҳо муайян гардиданд, такони ҷиддие хоҳанд гашт барои пешрафти минбаъдаи ҷумҳурӣ.

Чун ҷомеа пайваста дар таҳаввулоту рушд қарор дорад, дар Паём низ дигаргуниҳо дида мешавад. Фаъолияти соҳаҳои муҳим, ҷамъбаст ва рушду дурнамои он баррасӣ мегардад. Дар ҷомеаи мо, хушбахтона, пешрафту бунёдкориҳо хеле зиёданд.

Паёми Пешвои миллат ифодагари арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ ва баробарҳуқуқӣ буда, ба ҳайси дастури роҳнамо ва ҳуҷҷати рӯимизии ҳамаи кормандон баромад мекунад ва тибқи нишондодҳои он мо фаъолияти худро вусъат мебахшем.

Бояд гуфт, ки дар Паёми имсола ба масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ бартарӣ дода шуд.

Барои дастгирии иҷтимоии бештари нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим, оилаҳои камбизоат чораҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.

Бо мақсади вусъат бахшидани некуаҳволии мардум ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори саноат Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ солхои 2022-2026-ро солҳои рушди саноат эълон карданд.

Дар Паём таъкид шуд, ки тадбирҳои Солҳои рушди саноат   тавассути  чорабиниҳои гуногун бо иштироки фаъолонаи аҳли кишвар татбиқ хоҳанд шуд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо он мамлакатҳое метавонанд муваффаҷ гарданд, ки саноати рушдкарда дошта, ниёзҳои худро аз он бароварда метавонанд. Дар навбати худ истеҳсолот бо низоми андозбандӣ робитаи мустаҳкам дорад: андоз сода ва ба манфиати давлату сохибкор бошад, ба фоидаи умум аст.

Дар Паём ба масъалаи саноатикунонӣ, ки бахши чоруми ҳадафҳои стратегии мамлакат зикр гардид, таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуд. Сарвари давлат таъкид кард, ки мо ҳар кори хубу манфиатбахшро барои беҳдошти рӯзгори халқу пешрафти диёри худ мекунем. Бе бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ ва коркарди ашёи хом дар хориҷи кишвар арзиши маҳсулотро арзон ва хазинаи мамлакатро ғанӣ гардондан ғайриимкон аст. Ин масъала бояд дар доираи як даҳсола роҳи пурраи ҳалли худро ёбад ва ашёи хом аввал коркард ва баъд содирот карда шавад, ки ин ба манфиати мамлакат аст. Ба соҳибкороне, ки аз хориҷ дастгоҳҳои муосир ворид карда, дар бунёди корхонаҳои саноатӣ саҳми ватандӯстона мегиранд, имтиёзҳо дода мешаванд. Воқеан ҳам, коркарди ашёи хом дар кишвар таъдоди корхонаҳоро зиёд ва мушкилот бо ҷои кор таъмин кардани хоҷатмандонро батадриҷ аз байн мебарад.

Умуман, дар Паём ба масъалаҳое таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд, ки ба рушди минбаъдаи кишвар бештар мусоидатгаранд. Махсусан, вобаста ба соҳаҳои маориф, ки яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар ба шумор меравад, мулоҳизаҳои судманд ироа шуданд. Қайд гардид, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли наврас аз масъалаҳое мебошад, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва ҳукумати кишвар қарор доранд. Ояндаи давлату миллат ба рушди соҳаи маориф вобастагии амиқ дорад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо ба ҳадафи бузурги пешгирифтаамон, яъне саноатикунонии кишвар маҳз тавассути рушдбахши соҳаи маориф метавонем ноил гардем. Зеро бе рушди соҳаи маориф рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ғайриимкон мебошад.

Дар бахши маориф, пеш аз ҳама, масъалагузории таҷдиди тадриҷии нақшаҳои таълимӣ, баррасии консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва ба ин васила мусоидат ба таъмини рушди таҳсилоти сифатнок муҳим мебошад.

Сарвари кишвар ба омӯзиши васеи забонҳои хориҷӣ таъкид намуда, ба масъулини соҳа дар ин самт супоришҳои мушаххас доданд.

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад. Донишкада бо дастовардҳои назаррас дар дарозои таърихи 50-солаи худ байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дорои мақоми арзанда аст. Комёбиҳои ин боргоҳи олии таълиму тарбия ба таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат иртиботманданд.

Эътибори хосаи Президенти мамлакат ба масъалаи боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз муҳимтарин аҳдофи Паёми навбатӣ маҳсуб мешавад, ки дар ҷавҳари он тадбирҳои оянданигарона ва пайванди мустаҳкам бо амалкарди ҳадафҳои фардосоз қарор гирифтанд. Пешвои миллат бо ин максад ду муаммои аслии соҳаро ба таври зайл муқаррар намуданд: «Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар».

Воқеан, мо ба ҳадафҳои наҷиби фардосоз ва татбиқи барномаҳои бузурги давлат дар сурате мушарраф мешавем, ки мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замони имрӯз омода намоем. Масъулияти тайёр кардани чунин мутахассисон, пеш аз ҳама, ба дӯши омӯзгори соҳибкасб, хирадманду ороста ба тамоми донишҳои замони муосир дар ҳама зинаҳои таҳсилот вогузор аст. Тавре борҳо Пешвои миллат таъкид доштанд, омӯзгор ҳуқуқи хато кардан надорад. Дастурҳои ҳидоятсоз ва роҳнамои Сарвари кишвар масъулияти омӯзгоронро дар назди ҷомеа ва фардои миллат дучанд мегардонад онҳоро водор месозад, ки ба фаъолияти хеш аз нигоҳи талаботи имрӯз таҷдиди назар намуда, барои расидан ба ҳадафҳои фардоафрӯзи Тоҷикистон, ки дар Паёми Пешвои миллат мушаххас гардиданд, тамоми талошу кӯшишҳои хешро равона созанд.

Дар Паём омадааст: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардидани пояҳои моддиву техникии муассисахои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои тахсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияи муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад».

Воқеан ҳам, мактаб муҳимтарин даргоҳи илму маърифат ва асоси камолоти инсон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зохир намуда, дар ин самт беш аз пеш тадбирҳои муассир рохандозӣ намуда истодааст.

Бо таъкиди Пешвои миллат, дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор мераванд ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.

Дар Паёми имсола ба масоили марбут ба занону бонувон низ диққати махсус зоҳир гардида, нақши онҳоро дар таълиму тарбияи фарзандон ва ба воя расонидани онҳо хеле бориз шуморида шуд. Сарвари давлат бори дигар ба мавқеи зан дар ҷомеа, саҳми модар дар сарфаву сариштакорӣ ва таълиму тарбияи хуби фарзанд ва нақши бонувон дар рушду ободии кишвар баҳои баланд доданд. Таъкид шуд, ки роҳбарони коргоҳҳо барои афзудани дастовардҳояшон ин табақаи ҷомеаро бояд бештар ба кор ҷалб намоянд, зеро инсофу адолати бонувон зиёдтар аст.

Имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар кишвари мо ҳар чи бештар оммавӣ мешавад. Сарвари кишвар солҳои охир иқдоми шоистаеро дар ин самт роҳандозӣ карданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Таъсис ёфтани “Ҷоизаи Президентӣ” ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ намунаи возеҳи ташаббусҳои Роҳбари давлат дар соҳаи варзиш мебошад.

Ин ҷоиза, бешубҳа, масъулияти варзишгарони тоҷикро зиёд намуд. Паз аз таъсиси ҷоизаи мазкур Парчами кишвар дар баландтарин қуллаи варзиш - Олимпиада парафшон ва Суруди миллии Тоҷикистон танинандоз гардид.

Президенти мухтарам дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олӣ бевосита таъкид мекунанд, ки ҳар як ташкилоту муассиса дар оммавияти варзиш саҳмгузор бошад. Иқдомҳои Сарвари кишвар бори дигар ҷумҳурии моро дар ҷаҳон ҳамчун давлати варзишдӯст муаррифӣ намуд.

Хуллас, Паёми Сарвари давлат ба парлумони кишвар барои пешбурди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳайси барномаи амал хизмат мекунад. Ҳадафҳои дар Паём муайянгашта барои мо ҳамчун дастурамали доимии фаъолият хизмат хоҳанд кард.

Дар донишкадаи мо мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат мавриди омӯзишу баррасии васеи кулли кормандон қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки ин кохи пуршукӯҳи варзиш такягоҳи асосии тарбия ва тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва дорои дараҷаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ барои мактабу маорифи Тоҷикистон ва берун аз он ба ҳисоб меравад.

Дар раванди такмили сифати таълим дар донишкада бо мақсади тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ тағйироти куллӣ ба амал омаданд.

Ташкили марказҳои компю-терӣ, таъсиси синфхонаҳои компютерӣ падидаи чавобгӯи талаботи замон мебошад.

Донишкада барои ба меъёрҳои таълиму тадрис мутобиқ сохтани тарбияи мутахассисон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Аз ҷониби Сарвари давлат ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик дастуру ҳидоятҳо дода шуда, дар натиҷаи чунин таваҷҷуҳи хос имрӯз варзишгарони кишвар бо иштироки хеш дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ миллату давлатамонро муаррифӣ менамоянд.

Пешвои миллат дар фароварди Паём маром ва мақсади аслии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба таври зайл муқаррар намуданд: «Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии хешро барои роҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бо нангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем».

Даъват ва муроҷиату роҳнамоиҳое, ки имсол дар Паём ба мардуми кишвар ироа шуданд, дастури фараҳбахш барои тамоми мардуми шарафманди тоҷик ва аҳли ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

 

Шодӣ САФАРОВ,

ректори Донишкадаи тарбияи  ҷисмонии Тоҷикистон

ба номи С. Раҳимов,

профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш