Нашрияи Омӯзгор

Туҳфаҳои солинавии Пешвои миллат

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 71        Шарҳ: 0

 

24 декабри соли равон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Абдуфаттоҳзода ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода ба хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии сустшунавоён ва деркаршудагон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Нахуст, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тамоми хонандагонро аз номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Соли нави мелодии 2022 муборакбод гуфта, дар рӯзгору таҳсили минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно намуд. Сипас, ба 220 нафар хонандаи Мактаб-интернати мазкур либосҳои зимистона ва туҳфаҳои солинавии Пешвои миллат супорида шуд.

Ҳамзамон, 25 декабри соли ҷорӣ туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор, ки аз сару либоси гарм, пойафзолу шириниҳо ва туҳфаи солинавӣ иборат буд, расонида шуд.

Туҳфаҳои идонаи солинавии Пешвои миллатро муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Абдуфаттоҳзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба 313 нафар тарбиятгирандаи Мактаб-интернат тақдим намуда, хонандагонро аз номи Пешвои миллат табрику таҳният гуфтанд.

Дар ин замина туҳфаҳои солинавӣ, сару либос ва дигар маводи зарурӣ аз номи Пешвои миллат ба 402 нафар тарбиятгирандаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Сангвор бо иштироки Эмомалӣ Насриддинзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳиддин Пайшамбезода-мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Инчунин, бо иштироки Абдураҳмон Ҳалимзод-муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфиддин Раҷабиён-сардори раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 405 нафар хонандаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Рӯшон туҳфаҳои солинавӣ аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд.

 

Бахтовар САФАРОВ,

корманди Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш