Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикон мардуми меҳмоннавозанд

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Борҳо хондаам ва шунидаам, ки писандидатарин русуми тоҷикон меҳмоннавозии онҳо маҳсуб меёбад.

Ҳодисаи нангини куштори мусаллаҳона аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони нохалаф ба вуқӯъ пайваста, сабаби марги чанд тан аз сайёҳони хориҷӣ гардид. Ин фоҷеа дар баробари қишрҳои мухталифи ҷомеа зиёиёнро низ мутаассир сохт. Мо зуҳуроти ифротгароиро дар ҳама гуна шакли он маҳкум мекунем. Албатта, ин амали нангин ба халқу миллати тоҷик ҳеҷ рабте надорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ борҳо таъкид намудаанд, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ миллату дин ва Ватан надоранд.

Ман чун омӯзгор аз он таассуф мехӯрам, ки афроди ба ин амал дастдошта ҷавонони аз 19 то 22 - сола буда, пас аз омӯзишу тамрин дар хориҷи кишвар онҳо ба махлуқи бераҳм табдил ёфтаанд. Аз ин бармеояд, ки таҳсили ғайриқонунӣ дар мактабҳои динии кишварҳои хориҷа манбаи  асосии ин корҳои нохуш мебошад.

Ман аз падару модар, тарбиятдиҳандагон, бахусус, омӯзгорон хоҳиш менамоям, ки дар таълиму тарбияи фарзандону шогирдонашон сахткӯшу нозукбин бошанд, вагарна фардо дер мешавад.                                                                                

Г. Наврӯзова,

омӯзгори мактаби рақами 11-и

ноҳияи Шуғнон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш