Нашрияи Омӯзгор

Бунёдкориҳо дар ноҳияҳои Панҷу Кӯшониён

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

 

Бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода, раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён, роҳбари лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” Баҳром Сатторӣ ва сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илм Дилшод Сафарзода ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Пахтакори деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ оғоз бахшида шуд.

Зимни суҳбат бо сохтмончиёну сокинони деҳа иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҳисоби марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд оғоз мегардад. Фармоишгари иншоот Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Самар СН” ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамчунин, бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода, раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода, роҳбари лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” Баҳром Сатторӣ ва сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Дилшод Сафарзода ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 барои 192 ҷойи нишаст дар деҳаи Чорбоғи деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён оғоз бахшида шуд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҳисоби марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд оғоз мегардад. Фармоишгари иншоот Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” мебошад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш