Иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 1993 барои кишвари мо оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалии он маҳсуб меёбад. Зимни суханронии худ дар ин ҷаласа роҳбари Давлати Тоҷикистон бори нахуст мавқеи ҷумҳуриро оид ба масоили доғи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур намуданд. Сарвари тоҷикони олам зимни ин суханронияшон қитъаи
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
-ро бо забони аслии эҷоди он яъне, бо лаҳни ноби тоҷикӣ қироат намуданд. Дар партави ин банди шеърии инсонпарастона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан борҳо аз минбари баланди СММ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ оид ба масоили муҳимтарини байналмилалӣ ва таҳдиду хатарҳо ба амнияти умумиҷаҳонӣ суханронӣ намуда, роҳи ҳалли онҳоро аз нигоҳи Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Вақте сухан дар бораи ҷомеаи ҷаҳонӣ меравад, бояд пеш аз ҳама онро ба назар гирифт, ки тамоми ниҳодҳои иқтисодӣ-молиявӣ ва сиёсии ҷаҳони имрӯза ба ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд. Алҳол дар сайёра кишвареро вонамехӯрем, ки бе ҳамкорӣ ба ҷаҳони берунаи худ пешрафти комил дошта бошад. Баҳри ин Президенти мамлакат ҳамкории Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати пайвастан ба равандҳои глобалии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва изҳори назари ҷумҳурӣ оид ба онҳо ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ муайян намуда, худ низ дар ин ҷода саҳми назаррас мегузоранд. Алҳол ҷумҳурии мо бо созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, қабл аз ҳама, СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо,Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмону ташкилотҳо ҳамкориҳоро ба роҳ монда, минбари онҳоро барои арзёбӣ ва пешбурди тасмимҳои байналмилаливу минтақавӣ истифода мебарад.
Дар Тоҷикистон намояндагони зиёда аз 30 созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ, 9 оҷонсӣ ва дигар муассисаву сохторҳои СММ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, намояндагии беш аз 46 созмони ғайридавлатии байналмилалӣ сабти ном шудаанд ва бо созмонҳои байнидавлатӣ, ки дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа сахми арзанда мегузоранд. Бо ташаббуси Пешвои миллат якчанд ҷашнвораҳо ва ёдгориҳои миллати тоҷик ба рӯихати ёдгориҳои таърихию фарҳангии ЮНЕСКО аз қабили Боғи миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, мусиқии классикии «Шашмақом», Наврӯзи байналмилалӣ ва ёдгории таърихии Тоҷикистон - «Саразм» ворид шуда, таъриху фарҳанги тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
Президенти Тоҷикистон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи чаҳонӣ суханронӣ намуда, диққати ҷаҳониёнро ба масъалаҳое, ки доғи ҷомеаи ҷаҳон гардидаанд, ҷалб менамоянд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир андешаҳояшро иброз медоранд ва ҷаҳониёнро даъват менамоянд, то бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд.
Агар соли 2000-ум норасоии солонаи об дар ҷаҳон 230 миллиард метри мукаабро ташкил дода бошад, пас то соли 2025 ин рақам 10 маротиб афзуда, ба 2 триллион метри мукааб хохад расид. Норасоии об дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони ҷаҳон ба муҳоҷирати босуръати аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Моҳи сентябри соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудаанд, ки вақти он расидааст, то «таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад».
Ҳамин тариқ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуданд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд: «Соли байналмилалии оби тоза», (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», барои солҳои 2005-2015», Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, (соли 2013), «Даҳсолаи байналмилалии амал - «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028». Ин пешниҳодҳои Президенти мамлакат бори дигар собит сохт, ки миллати тоҷик яке аз миллатҳои ташаббускор дар ҷаҳони муосир мебошад.
Исфандиёр Бадалов,
омӯзгори ДДК ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр