Нашрияи Омӯзгор

Сарзамини имкониятҳо

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 72        Шарҳ: 0

 

Дар марҳилаи интихобии онлайнии мавсими панҷуми олимпиадаи умумирусиягии “Я профессионал” зиёда аз 104 ҳазор нафар аз манотиқи мухталифи Федератсияи Россия рақобат карданд. Ин яке аз лоиҳаҳои платформаи президентӣ - «Русия-сарзамини имкониятҳо» мебошад. Озмун 10-уми декабр оғоз шуда, дар он хонандагон дониши худро дар якчанд бахш - аз журналистика то технологияҳои квантӣ санҷиданд. Ба гуфтаи директор оид ба таҳияи олимпиадаи “Я профессионал” Матвей Навдаев таваҷҷуҳ ба озмун тайи 5 сол охир афзоиш ёфта, лоиҳа ба хонандагон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Барои иштирокчиён вебинарҳо оид ба роҳнамоии касбӣ ва барои ҳавасмандии бештари бачаҳо ҳар сол форумҳои таълимӣ гузаронида мешаванд. Дар марҳилаи интихобӣ 5 минтақаи Русия пешсафанд: шаҳри Москва (33909 нафар), Санкт-Петербург (10481 нафар), вилояти Свердловск (3182 нафар), Ҷумҳурии Тотористон (2761 нафар) ва кишвари Красноярск (2680 нафар). Натиҷаҳои ин конкурс дар моҳи февраль эълон карда мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии озмун ба иштирокчиён супоришҳо дода мешаванд, ки бо анҷом додани онҳо хонандагон малакаҳои амалии худро месанҷанд. Ғолибони даври интихобӣ сабқатро то охири моҳи апрели соли 2022 идома дода, натиҷаҳо моҳи май эълон хоҳанд шуд. Ғолибони озмун бо диплому медал ва ҷоизаҳои пулӣ (маблағи то 300 ҳазор рубли русӣ) сарфароз гардонида шуда, илова бар ин, ба онҳо ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ва таҳсилоти баъдидипломӣ, таҷрибаомӯзӣ дар ширкатҳои бузург имтиёзҳо дода мешавад.

Таҳияи Дилафрӯзи Аваз,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш