Нашрияи Омӯзгор

Маросимҳои мамнуъи солинавӣ

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 72        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар чорабиниҳои оммавии солинавӣ иштироки гурӯҳии кӯдакон мамнуъ аст. Дар ин бора сардори шуъбаи назорати эпидемиологии раёсати Роспотребнадзор дар Санкт-Петербург Ирина Чхинжерия хабар дод. Вай тавзеҳ дод, ки ин тасмим ба хотири коҳиши тамос миёни мардум ва ҳамчунин, коҳиши хатари сироят гирифта шудааст. Тамошои филмҳои аниматсионӣ дар толорҳои тамошо иҷозат дода мешавад, ба шарте ки чораҳои безараргардонии ҳавои дохили толорҳо ва назорати коркарду шустушӯи майдонҳои умумӣ пурзӯр карда шаванд. Ирина Чхинджерия тавзеҳ дод, ки безараргардонии бино бояд ҳар ду соат анҷом дода шавад ва тамошобинон бояд ҳатман ниқоб пӯшанд. Шахсоне, ки ҳарорати баданашон аз 37,1 дараҷа зиёд аст, ба чорабиниҳои оммавӣ роҳ дода намешаванд. Ирина Чхинжерия гуфт, ки дар як моҳи охир дар Санкт-Петербург мизони гирифторӣ ба коронавирус ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир тақрибан 40 дарсади бемориҳои вирусӣ зуком мебошанд.

Таҳияи Дилафрӯзи Аваз,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш