Нашрияи Омӯзгор

Таъсиси ихтисосҳои эҷодӣ

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси Мактаби саноати эҷодӣ, ки дар заминаи Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ фаъолият мекунад, дар соли 2022 барномаҳои ихтисосҳои эҷодӣ кушода мешавад. Директори Мактаби саноати эҷодӣ Алена Содиқова зикр кард, ки соли 2022 ба донишҷӯёни донишгоҳ ихтисосҳои меъмории эҷодӣ, тарроҳии замонавӣ, санъати рақамӣ, фарҳангҳои ҳунарӣ, маркетинги эҷодӣ ва усулҳои PR бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ ва технологияҳои нави таълимӣ омӯзонида мешавад. Ба гуфтаи ректори Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ Дмитрий Беспалов, соҳаҳои эҷодӣ як самти нави рушдёбанда мебошанд. Дар навбати худ, Мактаби саноати эҷодӣ барои фароҳам овардани шароит барои рушди ин соҳа, худшиносии эҷодии донишҷӯён ва кормандон, пешбурди маҳсулоти эҷодии донишгоҳ ва муттаҳид кардани соҳаҳои эҷодӣ дар Қафқози Шимолӣ пешбинӣ шудааст.

Таҳияи Дилафрӯзи Аваз,

“Омӯзгор”

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш