Нашрияи Омӯзгор

Барнаби аз Эйнштейн ҳам гузашт

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 99        Шарҳ: 0

 

Наврасе аз Британияи Кабир бо номи Барнаби Свинберн  дар санҷиши IQ баҳои баландтарин гирифт, ки дар натиҷа аз Эйнштейн ҳам пеш гузашт. Ба таври умум эътироф шудааст, ки IQ-и ин олими машҳур 160 хол ва дараҷаи миёнаи ҷаҳонӣ 100 хол мебошад. Барнаби дар имтиҳони супурдашуда дараҷаи баландтаринро соҳиб шуда, 162 хол гирифт. Навраси доно ба ҷамъияти Mensa - созмони ҷаҳонӣ барои онҳое, ки дорои IQ-и баланд ҳастанд, қабул карда шуд. Тавре ки модари Барнаби қайд мекунад, писар ба бозори криптовалютҳо низ таваҷҷуҳ дорад, аммо ҳоло синну солаш кофӣ нест. Барнаби Свинберн математика ва химияро дӯст медораду орзуи барномасоз шуданро дорад. Дар оянда ният дорад ба Оксфорд дохил шуда, таҳсилашро идома бахшад.

Таҳияи Дилафрӯзи Аваз,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш