Нашрияи Омӯзгор

Саводи молиявӣ зарур аст

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 74        Шарҳ: 0

 

Аз соли оянда ба хонандагони синфҳои 10-11-и Федератсияи Россия дар баробари фанҳои таълимии мавҷуда фанни саводнокии молиявӣ низ дар барномаҳои таълимии мактабҳо ворид карда мешавад Ин иқдом бо дастгирии Вазорати молияи Русия дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ин кишвар амалӣ  мегардад. Шурӯъ аз соли 2022 омӯзиши он дар баробари дигар фанҳо барои хонандагони синфҳои 1-9 ҳатмӣ мебошад. Лоиқи зикр аст, ки ба роҳ мондани фанни саводи молиявӣ ва сармоягузорӣ дар мактабҳо дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди бозори молиявӣ то соли 2030” анҷом мешавад. Ба гуфтаи вазири молияи Русия Антон Силуанов, саводи молиявии аҳолии кишвар омили ҳатмӣ дар муваффақияти иқтисодии Русия ба шумор меравад.

Таҳияи Дилафрӯзи Аваз,

“Омӯзгор”

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш