Нашрияи Омӯзгор

Стандарти минтақавии ғизо

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 85        Шарҳ: 0

 

Дар вилояти Белгороди Федератсияи Русия аз ҷониби мутахассисони Донишгоҳи давлатии саноати хӯроквории шаҳри Москва “Стандарти минтақавии ғизои хонандагон” тартиб дода шудааст. Ба наҳории ҳаррӯзаи мактаббачагон хӯриши сабзӣ бо себ, мураббои мевагӣ, творог ва пудинги арзан, чой бо лиму, нони гандумӣ дохил мешаванд. Хӯроки нисфирӯзӣ аз шӯрбои “Ленинградский”, гӯшти кӯфта, хӯриши карам бо гиёҳҳо, сабзавот, нӯшоба аз меваҳои гуногун, нони ҷав-гандум иборат аст. Бино ба иттилои раёсати маорифи вилояти Белгород, дар доираи татбиқи стандарти мазкур ошхонаҳои беш аз 300 мактаб бо таҷҳизоти нави технологӣ ва мебелҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, кормандони ошхонаҳо аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Ҳамчунин, бо дарназардошти синну сол, хусусиятҳои физиологию фардии кӯдакон ва шароити иҷтимоиву иқтисодии минтақа рӯйхати ғизоиҳои (меню) тағйирёбанда низ таҳия карда шудааст.

Таҳияи Дилафрӯзи Аваз,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш