Нашрияи Омӯзгор

Забондони дусола

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

 

Сокини шаҳри Лондон Исая Гямфии дусола аллакай як забондони (полиглот) машҳур аст. Ӯ бо чаҳор забон - англисӣ, испанӣ, фаронсавӣ ва қисман ҷопонӣ ҳарф мезанад. Ба гуфтаи модари кӯдаки болаёқат Ҷазел Андерсон, писараш ҳангоми нуҳмоҳагӣ ҳарфҳоро ба осонӣ фарқ карда, садо медод. Ба вундеркинди яксола дафтарчаи хотиравӣ туҳфа карда шуд, ки дар он на танҳо ҳарфҳо, балки рақамҳоро низ қайд мекард. Дере нагузашта илова ва кам кардани рақамҳоро ёд гирифт. Исая дар кӯдакистон кӯшиш мекард, ки дониши худро ба ҳамсолонаш интиқол диҳад. Ҷазел пай бурд, ки ба писараш бештар арифметика писанд аст. Дар аввал, вақте ки ӯ дар бораи қобилиятҳои писараш суҳбат мекард, одамон бовараш намекарданд. Ҳоло Исая дар шабакаи Instagram блоги шахсии худро дорад, ки дар он тамоми раванди омӯзиши худро ба таври муфассал нишон медиҳад.

-Исая омӯзишро ҳамчун бозии шавқовар мебинаду хушбахт аст ва ин барои ман хеле муҳим аст, - мегӯяд модари 30-солаи кӯдаки боҳуш.

Таҳияи Дилафрӯзи Аваз,

“Омӯзгор”

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш