Нашрияи Омӯзгор

Неруи созандаро тарбия кунем

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Ҷавонон бояд бо маслиҳату машварати калонсолон фаъолият намуда, баҳри пешрафти ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд. Бахусус, дар замони мураккабу пурпечутоби муосир дурӣ ҷустан аз ҳар гуна   равияҳои ифротии экстремистӣ ва аз  пайроҳаи хатарнок эҳтиёт кардани онҳо хеле муҳим аст. Як андешаи ботил, каҷравию гумроҳӣ ҳаёти инсонро барбод хоҳад дод. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёр буда, ба доми фиребу найранги душманон  наафтанд.

Яке аз омилҳои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ омӯхтани  забонҳои гуногун аст. Беҳуда нест, ки дар робита ба ин, «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» ба тасвиб расидааст. Шогирдон бояд ҳар чи бештар забон омӯзанд, зеро дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо ин басо муҳим аст.

Мо, омӯзгорон, кӯ-шиш   менамоем, ки    шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ахлоқи нек ва ҳамчун созандагони фаъоли ҷамъият таълиму тарбия намуда, ба воя расонем.

 

Тилло Исмоилова,

омӯзгори таърихи

 мактаби № 97,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш