Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши «Шашмақом» ва «Фалак» дар муассисаҳои таълимӣ

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 77        Шарҳ: 0

 

 

27 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ҳамоиши фарҳангӣ иборат аз ду бахш: конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Омӯзиши «Шашмақом» ва «Фалак» дар муассисаҳои таълимӣ» ва мизи мудаввар дар бораи «Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар Шашмақом ва Фалак» баргузор гардид. Ин ҷамъомад ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шомил шудани Фалак ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият гузаронида шуда, дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, ректори консерваторияи мазкур Миралӣ Достизода, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори кафедраи таърих ва назарияи мусиқии консерватория Фароғат Азизӣ, сарояндагони мумтоз Давлатманди Хол, Файзалӣ Ҳасанов, Саидқул Билолов, Умари Темур, Ҳаётой Муъминова, Мастона Эргашева ва дигар мутахассисони соҳа иштирок ва суханронӣ карданд.

Зулфия Давлатзода изҳор дошт, ки Фалак жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод-шогирд» то ба имрӯз расидааст.

Фароғат Азизӣ дар мавзуи «Коркарди фанҳои мусиқӣ-назариявӣ зимни мусиқии суннатӣ-проблемаи ҳалталаби имрӯз» маъруза намуда, зикр кард, ки дар давоми фаъолияти консерватория дар ҷараёни таълим дарсҳои зиёди иловагӣ ворид карда шуд. Ба андешаи ман, дарсҳои мусиқии назариявӣ бояд ҳатман таҳти назорати мутахассисони хуби соҳа гузаронида шаванд.

Дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Саъдулло Каримзода зимни ироаи маърузаи худ “Доираи жанри Фалак дар ду анъанаи аслӣ: дарёфтҳо ва дурнамоҳо” қайд кард, ки асоси пайдоиши фалакхонӣ таърихан дар ду минтақа-Бадахшон ва Кӯлоб ба вуҷуд омадаву то имрӯз ба таври назаррас рушд кардааст.

Сипас, маърузаҳои гурӯҳе аз омӯзгорон шунида шуданд.

Дар нимаи дуюми рӯз дар мавзуи «Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар Шашмақом ва Фалак зимни устод-шогирд» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорони Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз, Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев ва Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ ширкат варзида, доир ба мавзуъҳои ироашуда баҳсу музокира намуданд.

 

Дилафрӯзи АВАЗ,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш