Нашрияи Омӯзгор

ОМӮЗГОРИ АКАДЕМИЯ УНВОНИ “БЕҲТАРИН ПЕДАГОГ-2021”-РО БА ДАСТ ОВАРД 

Сана: 2022-01-07        Дида шуд: 104        Шарҳ: 0

 

Устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи факултети дипломатия ва сиёсат Мавҷуда Имомназарова дар озмуни байнамилалӣ байни муассисаҳои илмӣ - таълимӣ ба  муносибати 30-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони “Беҳтаринҳо дар маориф-2021”, ки дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуда, бо дипломи дараҷаи III ва медали сарисинагӣ - “Беҳтарин педагог-2021” сарфароз гардонида шуд.

Лоиқи зикр аст, ки озмуни мазкур аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон” ва Иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ - "Ассотсиатсияи Ҳаракати умумимиллии Бобек” байни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт.

Хуршед Мавлонов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш