Як падидаи номатлубе, ки солҳои охир вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии бисёр мамлакатҳоро хароб кардааст, фаъолияти ғайриқонунии ҳизбу ҳаракатҳои дорои характери динӣ, миллӣ ва экстремистию террористӣ мебошад. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти чанде аз ин ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла, фаъолияти ҳизби наҳзати ислом, ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, Таблиғ, Ансоруллоҳ ва ғайра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Маълум аст, ки баъди ворид намудани тағйирот ба Конститутсия (с.1999) шароити муносиб фароҳам омад, то мардуми кишвар ва ҳизбу ҳаракатҳои расман эътирофгардида ба раванди демократикунонии ҷомеа, созандагӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ҳамроҳ шаванд. Зарурат дар ин самт моро водор намуд, то дар бораи воридоти тағйиру иловаҳо ба моддаи 8-и Конститутсия андеша намоем. Таъсиси ҳизби сиёсӣ бо иштироки намояндагони як миллати алоҳида (миллӣ) метавонад боиси низоъ ва муноқишаи байни миллатҳо гардад. Худ қазоват кунед: дар кишвар миллатҳои тоҷик, ӯзбек, туркман ва қирғиз дар алоҳидагӣ ҳизбҳои сиёсии худро таъсис менамуданд ва баҳри ҳимояти манфиатҳои ҳизбӣ ва миллии хеш мубориза мебурданд, он гоҳ чӣ мусибате ба сари ин мардум меомад. Таъйини меъёри синнусолӣ ба мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла, хизматчии давлатӣ сабабҳои худро дорад. ҳоло қариб 70 фоизи аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» шахсони аз 14 то 30-сола ҳамчун гурӯҳи иҷтимоии демографии ҷавонон муқаррар шудаанд. Таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шахс дар 30-солагӣ ҳам аз ҷиҳати биологӣ ва ҳам аз лиҳози зеҳнӣ ба камолот мерасад, пухта мешавад ва омода аст, ки бори ҳар масъулиятро бар дӯш гирад. Ҷавонон, ки бо нигоҳи наву тоза ва донишҳои замонавӣ ба зиндагӣ менигаранд, метавонанд дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз нақши созанда дошта бошанд. Бояд зикр кард, ки моҳи декабри соли 2015 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки дар он омили афзоиши рӯҳияи ифротгароӣ дар миёни ҷавонон ҳамчун хатари асосии рушди босуботи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
ҳадаф аз ворид кардани тағйирот ба моддаи 49 ҷалб намудани шумораи бештари ҷавонон ба идораи давлатӣ мебошад. Бигузор, онҳо дар асоси Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда ба фаъолияти сиёсӣ бипардозанд ва дар раванди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бевосита иштирок намоянд.
Басбӣ НИЁЗОВА,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр