Нашрияи Омӯзгор

ЭЪЛОН

Сана: 2022-01-14        Дида шуд: 72        Шарҳ: 0

Ҳукумати Бруней Доруссалом бурсияҳои таълимиро дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии зерини он кишвар дар риштаҳои гуногун пешниҳод менамояд:

1. University Brunei Darussalam– www.ubd.edu.bn

Маълумоти муфассал: (http://mfa.gov.bn/PublishingImages/Pages/bdgs/bdgs2022/UBD%20%20Programmes%20Offer%20for%20BDGS%202022-2023.pdf) 2. Kolej University Perguruan Ugama Seri Begawan– www.kupu-sb.edu.bn

Маълумоти иловагӣ: http://mfa.gov.bn/PublishingImages/Pages/bdgs/bdgs2022/BDGS2022%20KUPU%20SB.pdf 3. University Islam Sultan Sharif Ali– www.unissa.edu.bn

Маълумоти иловагӣ: http://mfa.gov.bn/PublishingImages/Pages/bdgs/bdgs2022/UNISSA2022.pdf 4. University Teknologi Brunei– www.utb.edu.bn

Маълумоти иловагӣ: http://mfa.gov.bn/PublishingImages/Pages/bdgs/bdgs2022/UTB%20%20List%20of%20programmes%20UTB%20for%20July%202022-2023%20Academic%20Year.pdf 5. Politeknik Brunei University– www.pb.edu.bn

Маълумоти муфассал: (http://mfa.gov.bn/PublishingImages/Pages/bdgs/bdgs2022/PB%20%20Entry%20Requirements%20(RE%20JUL%202022%20FOR%20MFA).pdf)

Талаботи асосӣ чунин мебошад:

- Довталабон барои таҳсил дар зинаи бакалавриат ва диплом бояд синни аз 18 то 25 - сола ва барои зинаи магистр то 35- сола бошанд.

- Бурсия ва дигар намуди имтиёзҳоро аз Ҳукумати Бруней надошта бошанд.

- Қоидаҳои кишвар ва талаботи бурсияҳоро риоя намоянд.

- Тавсия дода намешавад, ки бо худ аъзои оила ва фарзандонашонро биёранд, зеро барои аъзои оила ягон имтиёз пешбинӣ нагаштааст.

- Тавсия дода мешавад, ки полиси суғуртавии иловагӣ аз ҳисоби шахсӣ харидорӣ намоянд.

- Ба фаъолияти кории музднок ва корҳои сиёсӣ машғул нагарданд.

Бурсия чунин имтиёзҳоро дар бар мегирад:

- Чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба Бруней Доруссалом барои оғози таҳсил ва бозгашт ба кишвари донишҷӯ пас аз хатми муассисаи таълимӣ.

- Ҳармоҳа 650 доллари Бруней (наздики 450 доллари ИМА) барои ҳароҷоти шахсӣ ва хӯрока.

- То 500 доллари Бруней барои интиқоли бағоҷ аз Бруней пас аз хатми Донишгоҳ.

- Хобгоҳ дар дохили муассисаи таълимӣ:

Барои хонапурӣ намудани ариза (application) ва гирифтани маълумоти пурра аз вебсайти http://www.mfa.gov.bn/Pages/bdgs/bdgs2022.aspx ;

Аризаҳои дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ё мақоми масъул барои бурсияҳои кишвари довталаб тасдиқшуда бояд то 15-уми феврали соли 2022 ба почтаи электронии applybdgs2022@mfa.gov.bn ирсол гардад ва пас аз гузаронидани имтиҳон ва ё суҳбат (имкон дорад) ҷиҳати муайян сохтани дониши онҳо ва ба касоне, ки бурсия пешниҳод мешавад, тариқи почтаи электронӣ иттилоъ дода мешавад.

Дар натиҷаи суҳбати корманди намояндагӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Бруней тариқи бурсияи мазкур таҳсил кардааст, иттилоъ дода мешавад, ки маблағи моҳонаи аз ҷониби Бруней пешниҳодгардида метавонад барои хӯрока ва дигар хароҷоти донишҷӯ кифоят накунад ва донишҷӯро зарур меояд аз ҳисоби худ хароҷот намояд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш