Нашрияи Омӯзгор

Панҷ латифа

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 88        Шарҳ: 0

Туҳфа ба муаллима

 

-Меҳрноз, чаро дирӯз ба мактаб наомадӣ?

-Ман ба муаллимаамон туҳфа кардам.

-Чӣ гуна туҳфа?

-Дирӯз муаллимаамон зодрӯз дошт, барои ҳамин хостам, ки аз ман истироҳат намояд.

Шакари бепул

 

Ҷавони донишҷӯ аз қаҳвафурӯш мепурсад:

-Як истакон қаҳва чанд аст?

-Як сомонӣ.

-Шакараш чанд аст?

-Эҳ, шакараш бепул.

-Ин хел бошад, аз ҳамон шакараш як кило ба ман диҳед.

Пашша

 

-Хомӯш! – дод мегӯяд омӯзгор ба талабагон.-Чунон хомӯш бошед, ки ман паридани пашшаро фаҳмида тавонам.

Ҳама хомӯш мешаванд. Баъди лаҳзае Саид сабру тоқатро аз даст дода, пичиррос мезанад:

-Устод, шумо пашшаро кай сар медиҳед?

Хабар надоштам

 

Омӯзгори таърих аз толибилм мепурсад:

-Искандари Мақдунӣ кай вафот кард?

Толибилм дар ҷавоб:

-Магар вай мурд? Ман ҳатто аз бемор буданаш хабар надоштам!

Курсии донишҷӯ

 

Донишҷӯе дӯсташро масхара карданӣ  шуда, ба курсӣ ранг мемолад.

Дӯсташ наздаш омада мегӯяд:

-Сорбон, ман…

Донишҷӯи аввала ба курсӣ ишора карда мегӯяд:

-Ту аввал ин ҷо шин.

Донишҷӯи дуюм:

-Сорбон, ман гуфтанӣ будам, ки…

Донишҷӯи якум:

-Ту шин, шарм надор.

Донишҷӯи дуюм ба курсӣ мешинад. Дӯсташ ба ханда даромада мегӯяд:

-Акнун гап зан.

-Сорбон, гуфтан мехоҳам, ки ман имрӯз ҷинси туро пӯшидам…

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш