Дар дунё инсонҳое ҳастанд, ки қариб 100 сол (як аср!) ё бештар аз он умр дидаанд. Албатта, тӯли фаъолияти хеш дар ҷомеа корҳоеро ба сомон расондаанд. Вале шояд онҳоро ба ҷуз дар деҳа, ноҳия ва андаке берунтар аз он касе нашиносад. Дар баробари ин, шахсоне ҳастанд, ки умри кам дида бошанд ҳам, ному пайкорашон асрҳо боз вирди забони оламиён гардидааст. Далели ин гуфтаҳо номгӯйи сад нафари онҳост, ки новобаста ба қавму нажод, миллату халқияташон ҳиссаи худро барои пешрафту нашъу нумуи соҳаҳои гуногуни олам гузоштаанд.
1. Мирзо Абдулқодирхоҷаи Савдо – шоири форсу тоҷик(1823 – 1873) – 50 сол.
2. Пол Эжен Анри Гоген – рассоми фаронсавӣ, (1848 -1903), 53 сол.
3. Софя Ковалёвская – нависанда ва математики рус (1850 – 1891), 41 сол.
4. Ги де Мопассан- нависандаи фаронсавӣ (1850 – 1893), 43 сол.
5. Александр Столетов – физики рус (1839 – 1896), 55 сол.
6. Павел Яблочков – ихтироъкори рус (1847 – 1894), 47 сол.
7. Абуалӣ ибни Сино (файласуф, табиб, адабиётшинос ва шоири тоҷик (980 – 1037), 57 сол.
8. Александр Ярославич Невский - шоҳи Россия (1220 -1263), 43 сол.
9. Саидимоддини Насимӣ – шоири Озарбойҷон (1369 – 1417), 48 сол.
10. Муҳаммад Улуғбек – арбоби давлатӣ ва маорифпарвар, набераи Темурланг (1394 – 1449), 55 сол.
11. Магеллан – баҳрнаварди португалӣ (1480 – 1521), 41 сол.
12.Файзии Даканӣ – шоир, олим ва тарҷумони форсизабони Ҳиндустон (1547 – 1597), 50 сол.
13. Декарт – файласуф ва математики фаронсавӣ (1596 – 1650), 54 сол
14. Эванҷелиста Торичелли – математик ва физики итолиёвӣ, шогирди Галилео Галилей, (1608 – 1647), 39 сол.
15. Бенедикт Спиноза – файласуфи нидерландӣ (1632 – 1677), 35 сол.
(Давом дорад)
Таҳияи Ҳотами ҲОМИД
Иловакунӣ
Иловакунии фикр