Нашрияи Омӯзгор

Духтари шашум

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 66        Шарҳ: 0

 

Муаллимаи мактабе бо ин, ки зебо ва ахлоқи хубе дошт, ҳануз издивоҷ накарда буд. Шогирдонаш кунҷков шуданд ва аз ӯ пурсиданд:  “Чаро бо ин, ки дорои ахлоқ ва ҳусни хубе ҳастед, ҳанӯз издивоҷ накардаед?” Муаллима гуфт: “Як зане буд, ки панҷ духтар дошт. Шавҳараш он занро таҳдид карда буд, ки агар бори дигар духтар ба дунё оварад, онро дар кӯча раҳо мекунад ё ба ҳар навъе, ки бошад, аз ӯ халос мешавад. Хости Худованд буд, ки он зан бори дигар духтар ба дунё овард. Падараш он кӯдакро ҳар шаб канори кӯчаҳои шаҳр раҳо мекард. Субҳ, ки меомад, медид, ки касе тифлро набурдааст. То ҳафт рӯз ин кор идома дошт ва модараш ҳар шаб барои тифл дуо мекард ва ӯро ба Худо месупурд”.

 Хулоса, он мард хаста шуд ва тифлро ба хона бозгардонид. Модараш хеле хушҳол шуд, то ин ки бори дигар бордор шуд ва ин бор хеле нигарон буд, ки мабодо боз духтар ба дунё оварад. Аммо хости Худо буд, ки ин бор писар ба дунё омад, вале бо таваллуди писар духтари бузургашон фавт кард. Бори дигар бордор шуду писаре ба дунё овард, аммо духтари дувумашон фавт кард. То ин ки панҷ бор писар ба дунё овард ва панҷ духтарашон  фавт карданд. Аммо фақат як духтарашон ҳамоне, ки падар мехост аз ӯ халос шавад, зинда монд.

Модар фавт кард ва духтару писарҳо ҳама бузург шуданд. Муаллима дар идома ба шогирдонаш гуфт: “Медонед он духтаре, ки падараш мехост аз ӯ халос шавад, кӣ буд? Он духтар манам ва ман бад-ин хотир то ҳол издивоҷ накардам, ки падарам хеле пир аст ва касе нест, ки ӯро нигоҳубин кунад. Ман хизматашро мекунам. Он панҷ писар, яъне бародаронам фақат гоҳ-гоҳе падарамро хабар мегиранд. Падарам ҳамеша гиря мекунад ва пушаймон аз коре аст, ки дар кӯдакӣ бо ман кардааст”.

“Чӣ басо чизҳоеро, ки дӯст надоред ва нописанд медонед, аммо барои шумо дар он хайре нуҳуфтааст. Аллоҳ медонад, аммо шумо дар фаҳму дарки он оҷиз ҳастед”.

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш